"Facebook" таблиғоти расонаҳои давлатии Русияро манъ кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук", архивное фото
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Обуна шудан
Як корманди "Facebook" гуфт, дар шабакаи иҷтимоӣ таблиғи расонаҳои давлатии Русияро манъ кардааст
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. "Facebook" дар робита ба вазъи Украина барои расонаҳои давлатии Русия таблиғ ва монетизатсия дар платформаи худро манъ мекунад.
Дар ин бора роҳбари Департаменти киберамнияти шабакаи иҷтимоӣ Натаниэл Глейчер хабар дод.
Ба гуфти Глейчер, "Facebook" "вазъи Украинаро бодиққат назорат мекунад".

"Мо ҳоло ба расонаҳои давлатии Русия таблиғ ё пулкоркуниро дар платформаи мо, дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон манъ мекунем", - навиштааст ӯ дар Twitter.

РИА "Новости" аллакай огоҳинома гирифтааст. "Имконияти саҳифаи шумо барои ба даст овардани даромад аз сабаби вайрон кардани қоидаи монетизатсия маҳдуд шудааст", - гуфта мешавад дар огоҳинома.
Қаблан "Роскомнадзор" дастрасӣ ба "Facebook"-ро дар шакли коҳиши трафик ҷорӣ карда буд. Ширкати интернетии "Meta Platforms", ки соҳиби ин шабакаи иҷтимоӣ аст, ба дархостҳои оҷонсӣ дар бораи бозпас гирифтани маводи сонсурии шабакаи телевизионии "Звезда", РИА "Новости", Агентии иттилоотӣ ва сайтҳои интернетии "Лента.ру" и "Газета.ру" посух надод.
Президент США Джо Байдн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар ҷудо шавад
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунад
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.
Лентаи хабарҳо
0