Ҳалокати кӯдаки 2-сола дар роҳи кӯчаи Помири шаҳри Душанбе

© UnsplashПлюшевый мишка на газоне
Плюшевый мишка на газоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Як кӯдаки 2-сола дар кӯчаи Помири шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ронандаи трактор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе писарчаи 2-соларо зер кардааст.
Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса баъди зуҳри 25-уми феврал рух додааст. Ронандаи 42-солаи трактор ҳангоми ҳаракат аз самти зеркӯчаи Помир ба самти кӯчаи Помир аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсолро зер кардааст.
Дар натиҷа писарча ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВУД мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Сари чамбарак зани ҷавон буд: шарҳи садамаи мудҳиши маргбор дар роҳи Душанбе – Хуҷанд
Маврид ба зикр аст, ки ин дуюмин садмаи маргбор бо иштироки трактор тайи рӯзҳои охир мебошад. Аз ҷумла 24-уми феврал низ ронандаи 28-солаи трактор дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба ҷарӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расид.
ВУД тавзеҳ дод, ки трактор ҳангоми ҳаракат дар наздикии деҳаи Чорчашма ба далели зиёд будани барф лағжида, ба чуқурии 10-метрӣ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи ҷавони трактор дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0