Сипоси Путин ба Ҷабборов барои ҳамраъияш дар амалиёти низомии Русия

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон Киевро гунаҳкори асосии иҷро нашудани созишномаи Минск хондааст
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои қирғизаш, Содир Ҷабборов, вазъияти марбут ба амалиёти низомӣ дар Украинаро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кремл, раванди амалиёт мавзуи меҳварии суҳбати телефонии Путин ва Ҷабборов буд.
Манбаъ афзуд, ки Содир Ҷабборов зимни суҳбат ба масъулияти Киев дар иҷро нашудани созишномаҳои Минск таъкид намудааст.

"Ҷабборов пуштибонияш аз амалиёти қатъии Русия барои ҳимояи аҳолии осоиштаи Донбассро баён доштааст", - омадааст дар иттилоия.

Кремл мегӯяд, Путин ба ҳамтои қирғизистонияш барои мавқеъгирии усулӣ ва ҳамраъйӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.
Инчунин ҷонибҳо ҳавасмандияшонро барои таҳкими равобити Русия ва Қирғизистон баён дошта, аз шарикии стратегии ду кишвар зикр намудаанд.
Таъкид мешавад, ки суҳбати мазкур бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифтаст.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Макрон мегӯяд, буҳрони Украина муддати тӯлонӣ идома хоҳад кард
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Лентаи хабарҳо
0