Амрико: Таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побарҷост

© REUTERS / Jorge SilvaПатруль запрещенной в России организации "Талибан" на улицах Кабула
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати хориҷаи Амрико бо изҳори ин ки фаъолияти созмонҳову ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар Афғонистон бояд мутобиқи таҳримҳои Амрико бошад, таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи толибон ҳамчунон побарҷост
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати умури Амрико дар баёнияе эълом кард, ки муассисоти молӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бахши хусусӣ метавонанд ҳамзамон бо пайравӣ аз таҳримҳои Амрико дар муомилот ва фаъолиятҳои густарда дар Афғонистон ширкат кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Ба бахшҳои зарардидаи бонкдорӣ ва тиҷорат, рушд ва нигоҳдории зерсохтор, амалиёти амниятӣ ва нигоҳдории системаҳои нақлиётӣ ва муомилоти телекоммуникатсионӣ ва иттилоотӣ дохил мешаванд”, - омадааст дар изҳорот.
Бо вуҷуди таҳримҳои зидди толибон Вазорати молияи Амрико ахиран иҷозаи наве барои мусоидат ба фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Афғонистон дод.
Семья, прибывающая из Афганистана, проходит через контрольно-пропускной пункт Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Рӯзона беш аз се ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба Эрон меравад
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико таъкид кард, ки "таҳримҳо алайҳи Толибон лағв нахоҳанд шуд".
Ҳамзамон вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки ин иқдоми ИМА ба манзури мусоидат ба ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои имдодӣ бо толибон аст.
“Мо барои барқарор кардани иқтисод бо мардуми Афғонистон ҳастем”, - гуфт Блинкен.
Вазорати молияи ИМА аз ин пеш се муҷаввиз барои тасҳили кумакҳои башарӣ ва ҳаётӣ аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Афғонистон содир карда буд.
Лентаи хабарҳо
0