Тавсифи мураббии "Персеполис" аз футболбози тоҷик

© ФК ИстиклолСтороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
Футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳаннонов, ки феълан дар тими "Персеполис" қарор дорад, изҳор доштааст, ки ин даста панҷ соли гузашта қаҳрамон шуд ва ҳаводорони онҳо аз натоиҷи камтарашон розӣ нахоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Футболбози тоҷик, ки ҳоло дар тими "Персеполис" бозӣ мекунад, изҳор доштааст: "Хушҳол аз он аст, ки ризояти кадри фанниро ба даст овардааст".
Манобеи "Парс тудэй" менависанд, Ваҳдат Ҳаннонов бештар аз Сафаров, футболбози дигари тоҷик ба мураббии ин тим Яҳёи Гулмуҳаммадӣ писанд омадааст.

"Гулмуҳаммадӣ комилан аз амалкарди ин бозикуни тоҷик розӣ аст ва эҳтимолан дар бозиҳои оянда ҳам ба ӯ бозӣ медиҳад", - омадааст дар хабари манбаъ.

Зимнан худи Ваҳдат Ҳаннонов зикр намудааст, ки "сатҳи тавақуъ аз "Персеполис" боло аст ва ин тим дар панҷ соли гузашта қаҳрамон шуд, ба ҳамин далел ҳаводорон ба камтар аз он розӣ нестанд".
Ӯ афзуд, бояд талош кунанд, ки дар бозиҳои боқимонда низ натоиҷи хуб ба даст оранд.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Ёдова мешавем, Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров бо қарордоди сесола ба тими футболи “Персеполис”- и Эрон пайвастанд. Ин ду футболбоз қаблан дар бошгоҳи "Истиқлол" бозӣ мекарданд.
Ҳаннонов ва Сафаров аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0