Зеленский аз гуфтушунид бо Русия дар Беларус худдорӣ кард

© REUTERS \ GLEB GARANICHПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
Зеленский гуфт, майдони музокирот метавонад Варшава, Будапешт ва ё Истамбул бошанд, на Минск
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, сарфи назар аз суханони котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи омадани ҳайати Русия ба Гомел, гуфт Минскро ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамчун майдони музокирот қабул намекунад.
Ӯ гуфт ҷонибдори он аст, ки музокирот дар Варшава, Будапешт ва ё Истамбул доир шавад.
"Ҳоло мо гап мезанем, на Минск. Дигар шаҳрҳо барои мулоқот платформа шуда метавонанд, албатта, мо сулҳро мехоҳем, мо мулоқот кардан мехоҳем, мо мехоҳем, ки ҷанг хотима ёбад. Варшава, Братислава, Будапешт, Истамбул, Бокуро барои музокирот ба Русия пешниҳод кардем ва ҳар шаҳри дигаре ки аз он мушак партоб нашуд, қабул дорем. Танҳо бо ин роҳ гуфтушунид метавонад ростқавлона бошад ва воқеан метавонад ба ҷанг хотима бахшад”, - афзудааст Зеленский дар паёми нашршуда дар канали Telegram.
Российский флаг на Красной площади. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Ҳайати Русия барои музокирот бо Украина озими Беларус шуд
Қаблан сухангӯи президент, Дмитрий Песков гуфт, ҳайати намояндагони Русия аллакай дар Гомел қарор доранд.
Ба ҳайати Федератсияи Русия барои гуфтушунид бо украиниҳо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, вазорати дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомил буданд. Тавре Песков ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, Русия мунтазири ҳайати Украина дар музокирот дар Гомели Беларус аст.
Қаблан Зеленский пешниҳод карда буд, ки сари мизи гуфтушунид нишинад. Зимнан, Песков низ гуфт, Русия омода аст ҳайати худро барои музокирот бо Украина ба Минск бифиристад. Вале ҷониби Украина бознигарии идеяи баргузории музокирот бо Федератсияи Русия дар Минск намуда аввал Варшаваро интихоб кард ва сипас комилан "муоширатро қатъ кард".
Лентаи хабарҳо
0