Боррел: Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ба Украина ҳавопаймои ҷангӣ диҳад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПленарная сессия Европарламента
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Иттиҳодияи Аврупо эълон кардааст, ки ният дорад, ба артиши Украина ҳавопаймоҳои ҷангӣ диҳад, аммо то ҳол маълум нест, ин ҳавопаймоҳо чӣ гуна ба артиши кишвари ҳамсоя дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҷозеп Боррел, роҳбари дипломатияи аврупоӣ нияти интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии Иттиҳодияи Аврупо ба Украина дар доираи кӯмаки низомӣ ба ин кишварро эълон кард, иттилоъ додааст РИА "Новости".
"Мо ният дорем, ки Украинаро бо силоҳи марговар ва ҳатто ҳавопаймоҳои ҷангӣ таъмин кунем", - гуфтааст Боррел.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Вазорати умури хориҷии Амрико дастур дода буд, ки барои Украина 600 миллион доллар ҷудо кунад.
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб бояд аз Русия миннатдор бошад, ки аз Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунад
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико эълом кард, ки Амрико нақшаи ироаи кумаки тақрибан 54-миллиондолларии башардӯстона ба Украинаро дорад.
Бояд гуфт, дар давоми чанд рӯзе, ки дар Украина амалиёти вижаи Русия мегузарад, кишварҳои мухталифи узви НАТО дар бораи кумаки низомӣ ба Украина мегӯянд. Барои мисол, ахиран Олмону Фаронса дар бораи интиқоли силоҳ барои кумак ба артиши Украина хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0