"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст

© Sputnik / Максим БлиновБанковские карты, доллары
Банковские карты, доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Бархе аз иқтисоддонҳои чинӣ дар бораи ояндаи пули миллии Амрико пас аз ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи Маскав изҳори назар карданд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гуфтаи "Global Times", қатъи бонкҳои Русия аз SWIFT метавонад раванди даст кашидан аз ҳисоббаробаркуниҳои доллариро суръат бахшад.
Дар истинод ба коршиносон нашрияи чинӣ қайд кардааст, аксари ширкатҳое, ки мехоҳанд, бо Русия тиҷорат кунанд, маҷбур хоҳанд шуд, роҳҳои убур аз низоми долларро ҷустуҷӯ кунанд. Нашрия ҳисобҳо бо рубл ё юанро мисол овардааст.
Мудири кулли ширкати “Bocom International” Ҳун Ҳао таъкид мекунад, SWIFT, ки асосан барои интиқоли доллар пешбинӣ шудааст, Аврупоро маҷбур мекунад, ки энержиро бо асъори алтернативӣ бихарад.
Чунин нақша, ба гуфтаи коршинос, метавонад оғози поёни бартарии "амрикоиҳо" дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад.
Таҳлилгарон қайд мекунанд, “маҳдудиятҳои бесобиқа” алайҳи бонкҳои Русия зарбаи сахт нахоҳад зад, зеро Маскав барои ин иқдом муддати тӯлонист, ки омодагӣ мебинад ва манфиати иқтисодии Ғарб ба интиқоли мол аз Русия аз байн нарафтааст.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Путин Ғарбро “империяи дуруғ” номид
Ян Тзин, коршиноси чиноӣ ба таҳримҳо танҳо алайҳи бархе аз бонкҳои Русия ишора кард.
Ба андешаи ӯ, хориҷ кардани Русия аз иқтисоди ҷаҳонӣ ғайриимкон аст.
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Яке аз таҳримҳо қатъи Русия аз SWIFT буд. Чунин чораҳо метавонанд ба интиқол ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ халал расонанд.
Дар ҳамин ҳол Русия ҷойгузини низоми SWIFT- ро дорад ва муддати тӯлонист, ки фаъолият мекунад. Ба ин низом беш аз 330 созмон аз Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Швейтсария ва Куба пайваст ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0