КҲФ аз тармафароию сангрезӣ ҳушдор дод ва минтақаҳои хавфнокро ном бурд

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Ин ниҳод аз шаҳрвандону меҳмонон даъват намуд, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои осебпазир сафар накунанд ва ҳамзамон аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Боришоти барфу борон боиси фаромадани тарма ва резиши санг дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқлоддаи Тоҷикистон зимни нашри як хабар ҳушдор додааст.
Ба иттилои манбаъ, бар асари барфу борони гузашта ва боришҳои баъдӣ дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳои мошингарди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш намудааст, дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок, инчунин аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор дар чунин манотиқ худдорӣ намоянд.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
КҲФ: Дар роҳҳои ВМКБ панҷ тарма тоза шуданд, вале хатар ҳамоно боқист
КҲФ тавсия медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароити яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ бояд таъмин, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои лағзиши тарма фосилаи байни мошинҳо риоя шавад.
Кумита аз сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мекунад, ҳушёр бошанд, беш аз ҳар вақти дигар қоидаҳои зиддисӯхторро риоя намоянд.
Аз ин пештар ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буд, ки бар асари гармои рӯзҳои охир ва боришҳои шадид эҳтимоли лағзиши тарма дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ, Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Лахш, Хоруғ - Мурғоб ва Хоруғ - Ишкошим зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0