Коршинос гуфт, аз музокироти Русия ва Украина бояд чӣ интизор шуд - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Коршинос дар бораи дидгоҳи Ҳукумати Киев ва таъхири музокирот бо Маскав изҳори назар кард
Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина чанд рӯз боз идома дорад. Ҷонибҳо дар чанд маврид омодагии худро барои музокира эълом кардаанд, аммо Киев борҳо санаи мулоқотро ба таъхир андохт.
Дар натиҷа рӯзи 28 феврал ҷонибҳо тавонистанд, ки дар шаҳри Гомели Беларус мулоқот кунанд. Рӯзноманигор ва сиёсатшинос Владимир Скачко дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ки аз музокироти ду ҷониб бояд чӣ интизор шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати феълии Украина мустақил нест ва наметавонад барои худ тасмим бигирад.

"Лухтакбозони хориҷии Украина, пуштибон ва муштариёни худро доранд, ки иродаи онҳоро дикта мекунанд. Ғарб таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг ниёз доранд", - гуфт Скачко.

Ба суоли рӯзноманигор дар бораи умеди хоксоронаи раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба музокирот сиёсатшинос посух дод, ки раҳбари Украина ба як навъ муъҷиза умед дорад.
“Ё ба Зеленский он қадар силоҳ дода мешавад, ки артиши Русияро мағлуб кунад ё Ғарб чунин таҳримҳоеро қабул кунад, ки Русияро комилан фалаҷ мекунад”, - гуфт ӯ.
Скачко таъкид кард, ки ин ҳама ба ҷуз умедҳои фиребдиҳанда чизе нест, аммо ба назари ӯ, раисҷумҳури Украинаро маҷбур мекунанд, ки ба ин бовар кунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз ҷониби Владимир Путин қабул шуд.
Лентаи хабарҳо
0