Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Оғози музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРоссийская делегация прибыла в Белоруссию на переговоры
Российская делегация прибыла в Белоруссию на переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Белорус шуруъ шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Маскавро дар ин нишаст ёвари раисҷумҳур Владимир Мединский, муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, муовини вазири дифоъ Александр Фомин, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов намояндагӣ мекунанд.
Аз Киев вазири дифоъ Алексей Резников, раҳбари ҷиноҳи "Хизматгори халқ" Дэвид Арахамия, муовини вазири корҳои хориҷӣ Николай Точитский, мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк, вакили "Верховная Рада" Рустам Умаров ва муовини аввали роҳбари ҳайати Украина дар музокироти гурӯҳи сеҷониба Андрей Костин ба мулоқот омадаанд.
Тарафҳо дар бораи мулоқот як рӯз пеш ба мувофиқа расиданд. Ҳайати Русия вориди Беларус шуд ва изҳор дошт, ки омодааст, намояндагони Киевро то соати 15:00 интизор шавад, ризоияти мақомоти Украина чанд дақиқа қабл аз анҷоми ин муҳлат маълум шуд.
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Ӯзбекистон дар робита ба амалиёти низомии Русия дар Украина мавқеяшро гуфт
Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки ба натоиҷи музокирот "аслан бовар надорад".
Рӯзи 21 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина хабар дод.
Вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ зарба намезананд.
Лентаи хабарҳо
0