Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Масири парвози Душанбе - Екатеринбург тағйир ёфт: сабаб

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Якбора ҳафт ҳавопаймо ба далели обу ҳаво ба фурудгоҳи Екатеринбург парвоз карда натавонистанд, миёни онҳо парвози ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" бо мусофирони тоҷик низ ҳаст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Фурудгоҳи Екатеринбург ба далели номусоидии обу ҳаво натавонист чанд ҳавопайморо қабул кунад, онҳо дар Челябинск фуруд омаданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бандари ҳавоӣ.
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки ба фурудгоҳи алтернативӣ интиқол дода шуданд, хатсайри У6 8958 бо мусофирон аз Душанбе ҳаст.
Ба сабаби ҳавои номусоид дар фурудгоҳи Колтсово, фурудгоҳи байналмилалии ба номи Курчатови Челябинск мусофирони тоҷикро қабул кард.
Тибқи иттилои таблои фурудгоҳи Колтсово, парвози Душанбе феълан дар ҳолати интизорӣ қарор дорад. Вақти тахминии расидан ба Екатеринбург соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ гуфта мешавад.
Самолет авиакомпании Azur Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Аз Русия ба Тоҷикистон хатсайри иловагӣ роҳандозӣ мешавад: сабаб
Илова бар ин, боз ду парвози дохилӣ аз Сочи ва як парвозӣ аз Шарм-уш-Шайх, Иркутск, Красноярск ва Новокузнетск низ бояд ба ҷои Екатеринбург ба Челябинск равона карда шаванд.
Гуфта мешавад, ки бар асари фаромадани меғи ғафс ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Колтсово низ иҷозаи парвоз надоранд. Баъзе мусофирон дар дохили ҳавопаймоҳо мунтазири парвоз ҳастанд.
Русия шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Қаблан хабар дода шуд, ки Русия аз 14 март шумораи парвозҳои мунтазамро ба 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, афзоиш медиҳад.
Ҳоло Тоҷикистону Русия ҳаракати ҳавоиро ба ҳамон андозае, ки қабл аз пандемияи коронавирус буд, пурра барқарор кардаанд.
Акнун дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0