Раисӣ: Эрон омодаи нақшофаринии дипломатӣ барои кумак ба бозгашти сулҳ ба Украина аст

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкВстреча президента Ирана Э. Раиси с представителями Духовного управления мусульман РФ
Встреча президента Ирана Э. Раиси с представителями Духовного управления мусульман РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон гуфт, Теҳрон аз ҳар гуна талоши дипломатӣ, ки мунҷар ба ҳалли мусолиматомези муноқишот дар Украина шавад, ҳимоят мекунад ва омодаи нақшофаринӣ барои ҳар гуна кумак ба бозгашти сулҳ аст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Сайидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран афзуд, ки Эрон бар асоси усули асосии сиёсати хориҷии худ бо султагарӣ ва султапазирӣ мухолиф аст ва аз ҳаққи таъйини сарнавишти ҳамаи миллатҳо ҳимоят мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Раисӣ таъкид кард, Эрон зимни дарки нигарониҳои амниятӣ нисбат ба чанд даҳаи тавсеаталабии НАТО бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии ҳамаи кишварҳо таъкид дорад.

“Эрон қотеона бар ин бовар аст, ки дипломатия ва пойбандии содиқона ба тааҳҳудоти байналмилалӣ тавассути ҳамаи тарафҳо танҳо роҳи ҳалли пойдору одилонаи хуруҷ аз вазъияти буҳронӣ дар Украина аст”, - гуфт раисҷумҳури Эрон.

Раисӣ афзуд, ҳифозат аз ҷону моли шаҳрвандон, ғайринизомиён ва риояти ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи башардӯстона бояд мавриди иҳтимоми ҷиддии ҳамаи тарафҳо қарор гирад.
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Эрон: Шаҳрвандони боқимондаи мо дар Киев дар манотиқи амн қарор доранд
Раисҷумҳури Эрон афзуд, зарур аст, Вазорати умури хориҷӣ ва дигар дастгоҳҳои масъул дар ростои ҳифозат аз ҳамаи шаҳрвандони эронӣ ва бавижа донишҷӯёни эронии муқими Украина иқдомоти лозимро суръат бахшанд.
Ёдрас менамоем, ки 24 феврал неруҳои артиши Русия амалиёти низомии вижаеро дар Украина оғоз ва то кунун дар нуқоти мухталифе аз хоки ин кишвар пешравӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0