Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сурия омодааст, ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунад

© AFP 2022Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мушовири президенти Сурия мегӯяд, ин кишвар омодааст, ҶХД ва ҶХЛ-ро ба расмият бишносад ва аз таҳримоти нав ҳарос надорад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Димишқ аз таҳримҳои эҳтимолии Ғарб дар робита ба тасмими ин кишвар ҷиҳати ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск наметарсад.
Дар ин бора мушовири вижаи раисҷумҳури Сурия Луна Шибл дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ додааст.
Ба қавли Шибл, фишори таҳримҳо Сурияро маҷбур намекунад, ки аз мавқеи принсипиалиаш даст кашад.
"Дар мавриди тарси мо аз таҳримҳои изофӣ: таҳримҳо алайҳи Сурия аз солҳои 70-уми асри гузашта ҷорӣ шуда ва ҳатто вақте ки равобит бо Ғарб беҳбуд ёфт, ин таҳримҳо лағв нашуданд. Имрӯз таҳримот алайҳи бисёр соҳаҳо татбиқ мешаванд, агар мо аз онҳо метарсидем, бисёре аз қарорҳои қабулкардаамонро қабул намекардем. Санксияҳо, таърихан ва ҳоло ҳам натавонистанд моро маҷбур созанд, ки аз принсипҳо ва эътиқодҳоямон даст кашем", - гуфт ӯ.
Мушовири раҳбари Сурия ёдовар шуд, ки Димишқ ду моҳ пеш дар ҷараёни боздиди як ҳайати парлумонии Русия, ки ба ҳайати он намояндагони ҶХД шомил буданд, омодагии худро барои эътирофи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск эълом карда буд.
Вазъият дар Донбасс дар рӯзҳои ахир муташанниҷ шуд. Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз ҳамлаи зиёди нерӯҳои амниятии Украина хабар додаанд.
Инаугурация избранного президента Абхазии А. Бжании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Абхазистон истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ-ро эътироф кард
Раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз беруноварии муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростов дар робита ба таҳдиди таҷовуз аз Украина гуфтанд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон ба макони амн кӯчонида шуданд. Раҳбари ҶХД Денис Пушилин гуфт, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ба ҳамла гузашта, нақшаи ҳамла ба ҶХД ва ҶХЛ-ро амалӣ созанд.
19 феврал роҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз раҳбари Русия даъват карданд, ки истиқлоли онҳоро эътироф кунад.
Владимир Путин 21 феврал дар як паёми телевизионӣ гуфт, зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск фавран эътироф карда шавад.
Вай қайд кард, ки ҷаҳон тарҷеҳ медиҳад, ки даҳшат ва наслкушӣ дар Донбассро мушоҳида накунад, рӯзе нест, ки тирборон ва кушта шудани мардуми осоишта сурат нагирад ва муҳосираҳо қатъ намешаванд.
Баъдан Путин дастур дод, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Русия сулҳ дар ҶХД ва ҶХЛ таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0