Франсуа Шаплен - пианинонавози сатҳи ҷаҳонӣ ба Душанбе омад

© Пресс-служба Министерства Культуры РТПианист Франсуа Шаплен
Пианист Франсуа Шаплен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон пианинонавози машҳури ҷаҳон барномаи худро пешкаши ҳаводорони ин ҳунар мегардонад
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Франсуа Шаплен - яке аз беҳтарин навозандаи замони муосири сатҳи ҷаҳонӣ ба Душанбе омад.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, рӯзи 28 феврали соли равон Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дарҳои худро ба рӯи пианинонавози машҳури сатҳи ҷаҳонӣ, ғолиби чандинкаратаи озмунҳои байналмилалӣ, яке аз даҳ пианинонавозони беҳтарини замони мо, маҳбуби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мунаққидони барҷаста боз кард.
Интизор меравад, ки пианинонавози машҳур барномаи ҳунарии хешро барои бори аввал дар шаҳри Душанбе намоиш диҳад.
"Консерт рӯзи 4 марти соли ҷорӣ, соати 19.00 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад", - омадааст дар хабар.
Франсуа Шаплен дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад
Ҳунарнамоии навозандаи машҳур дар Душанбе бо мусоидати сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ сурат мегирад.
Франсуа Чаплин яке аз 10 пианинонавозони беҳтарини ҷаҳон аст.
Ӯ хатмкардаи Консерваторияи олии миллии Порис мебошад.
Франсуа имрӯз дар авҷи фаъолияти худ қарор дорад. Ӯ феълан яке аз ҳунармандони серталаби ҷаҳонӣ буда, дар ҳайати орекстрҳои машҳур, аз ҷумла Орекстри симфонии ба номи Д. Д. Шостакович, Орекстри миллии Лиля, Орекстри филармонии Ҷопон, Ансамбли парижии Оркестрал, Оркестри Колонн ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0