Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ҶХД аз тирборон шудани сокинони Волноваха аз ҷониби миллатгароёни украинӣ гуфтанд

© REUTERS / PRESIDENTIAL PRESS SERVICEУкраинские военные
Украинские военные - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хабари ҷиноятҳои даҳшатноки миллатгароёни украинӣ аз Волноваха расид
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Сокинони Волноваха, ки талош доштанд, манзилҳояшонро тарк кунанд, зери тирборони миллатгароёни украинӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора Ситоди дифои Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар канали "Telegram"-и худ иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки оташ ба рӯи сокинон аз ҷониби парчамдорони ранги сафед кушода шудааст.

"Миллатгароёни украинӣ соати 10:10 дар Волноваха сокинони осоиштаро тирборон карда, ба сӯйи мардуми осоишта бо парчами сафед аз шаҳр оташ кушоданд", - омадааст дар гузориш.

Пештар намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков гуфта буд, ки мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, режими Киев сокинони ин шаҳрро ҳамчун сипари зинда барои миллатгароён истифода мекунад ва воҳидҳои тӯпхонаию техникаи низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматии пойтахт ва шаҳрҳои аҳолинишин ҷойгир кардааст.
Переговоры России и Украины в Гомельской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Натиҷаи музокироти Русия ва Украина хушбинӣ мебахшад
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
ҶХД аз тирборон шудани Горловка аз ҷониби нерӯҳои Украина хабар дод
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳад.
Лентаи хабарҳо
0