Кумаки низомии НАТО ба Киев - аҳдофи нави мушакҳои Русия

© Sputnik / Иван Родионов / Гузариш ба медиабонкСитуация в Донецкой народной республике
Ситуация в Донецкой народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Кӯшишҳои НАТО ва ИА барои “аз нав мусаллаҳ кардан”-и режими Киев нияти Иёлоти Муттаҳида дар бораи тела додани Аврупо ба амалиёти ҷангии тӯлонӣ дар Украинаро бозгӯ мекунанд ва ИМА мехоҳад, аз посухи эҳтимолии ҳастаии Русия дар ин маврид канор монад
Нақшаи афғонистонии Амрико дар робита ба Украина, бешубҳа, зиёновар аст, зеро маркази назорати лоиҳаи зидди Русия дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст, ҳадафҳои стратегии сегонаи ҳастаии Федератсияи Русия кайҳо муайян шудаанд ва ҷанг бевосита Вашингтонро дар мезанад.
Рӯзи чорум аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия ба таври усулӣ инфрасохтори низомии режими Киеви фашистӣ ва иқтидори ҷангии НАТО бар қаламрави Украина "исобат" мекунанд: беш аз 1100 объект, аз ҷумла силоҳҳои асосӣ ва марказхои идоракунии қувваҳои мусаллаҳи Украина, нерӯҳои низомии ҳавоӣ ва аэродромҳо, системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, зиёда аз 200 танк, қариб тамоми "флот"-и катерҳо ва пойгоҳи Флоти ҳарбии баҳрии ИМА дар Очаково.
Нерӯҳои кайҳонии Русия ва ҳавоии артиш дар тамоми Украина бартарӣ доранд. Шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Киев, муҳосира шудаанд. Муқовимати мусаллаҳона хусусияти марказӣ дорад, захираи лавозимоти ҷангӣ, сӯзишворӣ ва ғизои воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина тамом мешавад.
Украинский танк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶХД: Миллатгароён ба техникаи Украина ҳамла карда, ба хотири подош онро аз Русия мегӯянд
Нерӯҳои Украина рӯҳафтода шудаанд, онҳо дар тамоми ғундҳо таслим мешаванд ё аз мавқеашон фирор мекунанд, ҳеҷ кас намехоҳад барои идеяҳои миллатгароён ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида бимирад.
Аз тарафи дигар дар амалиёти махсуси қувваҳои мусаллаҳи Русия танҳо афроди ҳирфӣ касбӣ иштирок мекунанд, ки сифат ва самаранокиро кафолат медиҳад. Нерӯҳои ҶХД ва ҶХЛ амалиёти таҳоҷумиро дода, беш аз пеш дар Донбасс маҳаллаҳои аҳолинишинро назорат мекунанд.
Мариупол аввалин дегхонаи қувваҳои мусаллаҳи Украина шуд, сарпӯши он бастааст, натиҷааш як хулосаи пешакӣ аст. Ситоди кулли Украина ба раҳбарияти кишвар хабар дод, ки то 1 март Донбасс комилан муҳосира мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар вазъияти ноумедӣ қарор гирифта, аз аҳолӣ ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода мебаранд, лавозимоти манъшудаи фосфориро истифода мебаранд ва дар кӯчаҳои шаҳрҳои партофташуда (махсусан, дар Харков) минаҳои зидди пиёдагард мехобонанд. Баъди ба аҳолии маҳаллӣ тақсим кардани яроқу аслиҳа дар Киев дастаҳои ғоратгарон ва миллатгароён бо пулемётҳо ба тороҷи аҳолӣ гузаштаанд.
Белый Дом в Вашингтоне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Кохи Сафед: Амрико ва НАТО Русияро таҳдид намекунанд
Раҳбари Украина Владимир Зеленский маҳбусони дорои таҷрибаи ҷангиро озод кард ва ин одамон бузургтарин таҳдид барои мардуми осоишта мебошанд. Ёдовар мешавам, ки аскарони рус ба сӯйи шаҳрҳо ва мардуми осоишта тир намеандозанд.
Истериаи зиддирусии "шарикҳо" хеле золимона аст, аммо дар асл Ғарб ҳеҷ чизи муқобила бо ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Русия дар Украина, саркӯби шадиди тавсеаи НАТО ба Шарқро надорад.
Барои тарафдорони аврупоии "Drang nach Osten" ва барои режими Киев амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи ФР бидуни алтернатива инкишоф меёбад. Дар ҳамин ҳол Беларус омодааст, амалиёти ғайринизомисозии Украинаро оғоз кунад, раисиҷумҳур Александр Лукашенко дар бораи партоби чанд мушак аз қаламрави Ҷумҳурии Беларус сухан гуфт.

Силоҳи НАТО

ИМА ва баъзе шариконаш ният доранд, ки ба режими Киев бо додани аслиҳа ёрӣ расонанд, яъне ба оташи ҷанг ҳезум партоянд ва ин ҳам бо мақсади табдил додани Украина ба як Афғонистони дигар ва солҳои зиёд Аврупоро ба бесарусомонӣ ғарқ кардан. Рӯзи 26 феврал раисҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден ба Департаменти давлатӣ дастур дод, ки ба Украина ба маблағи 600 миллион доллар “ёрии фаврии низомӣ” расонад.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 27 феврал гуфт, ин паймон интиқоли аслиҳаи низомии зиддитонкӣ, зиддиҳавоӣ ва лавозимоти ҷангӣ ба Киевро афзоиш медиҳад. Дар ин ҷо найрангҳои "сурияги"-и Ғарбро дидан мумкин аст. Ва албатта, ин ҳама ҳадафҳои нави зарбаҳои мушакии дақиқи Русия дар қаламрави Украина мешаванд.
Саммит НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Столтенберг: НАТО нияти нерӯ фиристодан ба Украинаро надорад
Роҳбари дипломатияи Аврупо Ҷозеп Боррел дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои низомӣ аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ба Украина бемасъулиятона сухан гуфт. Як гурӯҳи кӯмакҳои низомӣ аз Лаҳистон рӯзи 26 феврал вориди Украина шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Чех тасмим гирифтааст, ки ба Киев ба маблағи 7,6 миллион евро аслиҳа диҳад: 30 ҳазор таппонча, 7 ҳазор туфанги таҳоҷумӣ, 3 ҳазор мусалсал ва тақрибан 1 миллион тир. Белгия ба қувваҳои мусаллаҳи Украина 2000 мусалсал мефиристад.
26 феврал садри аъзами Олмон Олаф Шолз ба Ҳолланд иҷоза дод, ки ба фашистони украинӣ 400 мушакандози "Панзерфауст" диҳад. Нидерландия инчунин ваъда дод, ки 200 системаи мудофеи зидди ҳавоии сайёри “Stinger”-ро ба Украина туҳфа мекунад.
Дания ният дорад, ки ба Украина 2000 зиреҳи баданӣ ва 700 адад бастаҳои ёрии аввалия фиристад. "Кабӯтари сулҳ" - Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ваъда дод, ки таҷҳизоти низомӣ ва кумаки молӣ ба маблағи 1,2 миллиард евро хоҳад дод.
Эстония мушакҳои зиддитонкии “Javelin” ва лавозимоти ҷангии зиддиҳавоӣ, Литва як бастаи дифоӣ ба маблағи 1,8 миллион евро мефиристад. Дар ҳамин ҳол Маҷористон изҳор доштааст, ки ба Киев силоҳ намедиҳад. Олмон ҳамчунин Украинаро бевосита бо яроқ таъмин намекунад.
Конгрессменҳои амрикоӣ ҳаҷми кӯмак ба Украинаро аз 350 миллион то 6,4 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд, аммо кӯҳҳои аслиҳа ва буҷаи бузурги низомӣ пирӯзиро кафолат намедиҳанд. Мутахассисони ҳарбии хориҷӣ воситаи беэътимод мебошанд. Вашингтон наметавонад ба воситаи ваколатнома мубориза барад.

Легиони хориҷӣ

Зеленский эълон кард, ки "легиони дифои байналмилалӣ", ки зархаридони хориҷӣ ва нозиёни ҷадидро барои пули Амрико ҷалб мекунад. Дания алакай ба "ихтиёриёнаш" иҷоза додааст, ки дар Украина ҷанг кунанд. Дар зери ниқоби "интернатсионалистҳо" нерӯҳои НАТО метавонанд дар Лвов ҷамъ шаванд.
Вазорати хориҷаи Бритониё гуфт, ки вазъ дар Украина метавонад дар ниҳоят ба як низои низомӣ миёни Русия ва паймон табдил ёбад. Нашрияи “Politico” навиштааст, ки Пентагон қасд дорад, бо Русия як канали мухобиротии “украинӣ”-и шабеҳи “суриёӣ” таъсис диҳад. Чаро ин бо як муноқишаи мусаллаҳонаи бисёрсола ва бисёрҷониба баробар мешавад?
Ёдовар мешавам, ки моҳи декабри соли 2021 Маскав ба Вашингтон ва Брюссел дар бораи кафолати мавҷудияти амният дар Аврупо ва ҷаҳон пешниҳодҳое карда буд.
"Шарикон"-и ғарбӣ дар нишасти фавқулодда ба "нигарониҳо"-и Русия хандиданд. Русия дар бораи дастгирии ҳарбӣ-техникии амнияти миллӣ ҳушдор дод, дар посух ваъдаҳои таҳримҳои нав “бориданд”.
Баъд Федерасияи Русия воситаҳои ҳарбию техникиро ба кор бурд. Нерӯҳо ва воситаҳои Вазорати дифои Русия амалиёти ҷангиро дар Украина оғоз накардаанд, балки давраи ҳаштсолаи ҷангро, ки дар он беш аз 14 ҳазор нафар, аз ҷумла садҳо кӯдак кушта шудаанд, ба анҷом мерасонанд. Дар айни замон экспансияи беҳаёёнаи ба Шарқи НАТО, ки барои тамоми ҷаҳон хавфнок аст, ба охир мерасад.
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб бояд аз Русия миннатдор бошад, ки аз Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунад
Рӯзи 27 феврал сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи РФ Владимир Путин дар пасманзари афзоиши таҳдидҳои низомии ИМА ва НАТО дастур дод, ки нерӯҳои стратегии боздорандаи Русия ба як шеваи махсуси ҷангӣ интиқол дода шаванд. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи 28 феврал дар бораи иҷрои ин фармон гузориш дод.
Барои "шарикон" ин чунин маъно дорад: Русия ба шиддати минбаъда бо зарбаи ҳастаӣ посух хоҳад дод. Дар хориҷа ва Аврупо онҳо хеле зуд вокуниш нишон доданд: Кохи Сафед расман эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО Русияро таҳдид намекунанд.
Сафири ИМА дар СММ Линда Томас-Гринфилд қайд кард, ки Пентагон дар ҳавои Украина фаъолият нахоҳад кард. Вазири хориҷаи Олмон аз Русия даъват кард, ки аз интиқоли нерӯҳои боздоранда ба шеваи вижаи ҷангӣ даст кашад.
Кристин Ламбрехт, вазири дифои Олмон изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро таҳдиди ҷиддӣ номид. НАТО чӣ гуна вокуниш нишон доданро баррасӣ мекунад, то шиддати вазъиятро афзоиш надиҳад.
Рақиби интихоботии президенти феълии Фаронса Эрик Земмур пешниҳод кард, ки талаби калидии Маскав иҷро шавад:
"Фаронса бояд бо шарикони ғарбӣ ва Русия музокироти фаврӣ оғоз кунад, то созишномае ба имзо расонад, ки ба тавсеаи НАТО ба Шарқ хотима бахшад".
Сарфи назар аз натиҷаи музокироти ҳаштсола дар оянда барои Киев танҳо таслими қувваҳои мусаллаҳи Украина ва тағйир додани дастурҳои давлатӣ имконпазир аст: рад кардани конститутсионии курси НАТО, пароканда кардани ҷунбишҳо ва ҳизбҳои радикалӣ, эътирофи Қрими Русия ва ҷумҳуриҳои Донбасс, мақоми федералии вилоятҳои Украина, забони русӣ ҳамчун забони дуюми давлатӣ.
Агар марҳалаи имрӯзаи музокирот дар вилояти Гомел натиҷаи мушаххас наоварад, амалиёти вижаи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия идома хоҳад ёфт.
Дар мавриди таҳримҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо метавон гуфт, бисёре аз кишварҳои камқудрати ҷаҳон ин ларзишро паси сар кардаанд. Аҳамият диҳед, ки аврупоиҳо аллакай аз арзиши баланди таҳримҳо алайҳи Русия ҳушдор дода шуда буданд, ки ин танҳо оғози марҳилаи шадиди муқовимати геополитикӣ аст. Бе карбогидридҳои Сибир ИА хеле зуд ба асри гузашта бармегардад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0