Лавров: Вақти ба ИМА баргардондани силоҳҳои ҳастаии мустақар дар Аврупо расид

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия дар бораи силоҳҳои ҳастаии Амрико дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Силоҳи ҳастаии Амрико аз кишварҳои Аврупо бояд ба ИМА баргардонда шавад, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар конфронси халъи силоҳ дар Женева.

"Барои мо қобили қабул нест, ки бар хилофи Созишномаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ то ҳол силоҳи ҳастаии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави як қатор кишварҳои Аврупо мавҷуд аст",- гуфт Лавров.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, ба сабаби мавҷуд будани силоҳи ҳастаии ИМА дар Аврупа, “амалиётҳои бадрафторонаи муштараки ҳастаӣ бо иштироки кишварҳои НАТО, ки силоҳи ҳастаи надоранд”, боқӣ мемонад.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шарҳи Песков дар бораи ташаббуси барканорсозии мухолифони амалиёт дар Украина аз мақом
Лавров таъкид кард, ки чунин амалиётҳо ба таҳияи нақшаи истифодаи силоҳи ҳастаӣ бар зидди Русия мусоидат мекунанд.
“Вақти он расидааст, ки силоҳи ҳастаии Амрико ба Ватанаш баргардад ва инфрасохтори онҳо дар Аврупо комилан аз байн бурда шаванд”, - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
Ба гуфтаи оқои Лавров, Русия ҳамеша аз рӯи принсипе, ки “дар ҷанги ҳастаӣ ғолиб касе наметавонад бошад ва он ҳеҷ гоҳ бояд оғоз нашавад", амал мекунад.
Вазири рус қайд кард, ки ин принсип дар изҳороти муштараки сарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида аз 16 июни соли 2021 ва дар изҳороти муштараки сарони давлатҳои Русия ва Чин аз 28 июни соли 2021 таъкид шудааст.
“Муҳим аст, ки бо ташаббус ва иштироки Русия 3 январ изҳороти муштараки раҳбарони панҷ кишвари абарқудрати ҳастаӣ дар бораи пешгирии ҷанги ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ таҳия ва қабул карда шуд”, - афзуд Лавров.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Маълум аст, ки вақте Москав ба ҷавоби тарафи Амрико дар бораи кафолати амниятӣ вокуниш нишон дод, Амрико ба пешниҳоди Русия дар бораи баргардондани силоҳи ҳастаӣ ба минтақаи худ посухе надодааст. Онҳо танҳо даъват карданд, ки мушкилоти умумии силоҳи ҳастаии ғайристратегиро сарфи назар аз ҷойгиршавии онҳоро баррасӣ намоем, гуфт ӯ.
17 декабри соли 2021 Вазорати умури хориҷии Русия лоиҳаи созишномаҳои Русияро дар бораи кафолатҳои амнияте, ки Маскав аз Вашингтон ва НАТО интизор аст, нашр кард.
Созишномаҳо бо Иёлоти Муттаҳида ва аъзои паймон, аз ҷумла манъи васеъшавии НАТО ба Шарқ ва инчунин пайвастани Украина ба ин созмонро дар бар мегирифт. Ғайр аз ин созишномаҳо маҳдудиятҳои силоҳи ҳастаиро дар бар мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0