Мошин ва даҳҳо ҳазор сомонӣ. Эълони ҷоизаҳои куштии наврӯзӣ дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ғолибони ҳар вазн дар мусобиқаи куштигирии байналмилалӣ дар Душанбе соҳиби худрав мешаванду барандаҳои ҷойҳои якуму дуюм даҳҳо ҳазор сомонӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷоизаҳои муқарраршуда барои ғолибони қаҳрамонии Осиё дар риштаи кураш ва мусобиқаи байналмилалии Ҷоми пойтахтро эълон кард.
Тибқи иттилои кумита, рӯзҳои 17-22 марти соли 2022 дар ҷашни Иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати кураши Осиё ва 3-юмин мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои дарёфти Ҷоми Пойтахт баргузор мешавад.
Манбаъ афзуд, ки ғолиб дар миёни мардҳо шоҳҷоиза – автомобил мегирад. Барандагони медали нуқра 38,6 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ 12,8 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ мегиранд.
Дзюдо, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Рустами Эмомалӣ барои куштии "Наврӯз-2022" ду миллион сомонӣ ҷудо кард
Миёни бонувон барандагони медали тило бо 38,6 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 25,7 ҳазор сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ бо 12,8 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Тавзеҳ дода шуд, ки мусобиқаи куштигирӣ дар 5 вазн миёни мардҳо то 60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва 3 вазн миёни бонувон - 52кг, -70кг, -87кг доир мегардад.
Дар мавриди макони баргузории ин зӯрозмоиҳо Кумитаи олимпӣ изҳор дошт, ки Чемпионати кураши Осиё дар Қасри теннис ва Маҷмаи варзишҳои обӣ ва мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт сурат мегирад.
Ахиран Рустами Эмомалӣ, шардори Душанбе бо имзои як қарор барои баргузории ин чорабиниҳо 2 млн. сомонӣ ҷудо карда, масъулини бахши варзиши кишварро муваззаф намуд, ки ба ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват намоянд.
Лентаи хабарҳо
0