Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мошинҳои маъмурияти САҲА Донетск ва Луганскро тарк мекунанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксАвтомобиль специальной мониторинговой миссии ОБСЕ покидает территорию ДНР
Автомобиль специальной мониторинговой миссии ОБСЕ покидает территорию ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Субҳи 1 март намояндагони САҲА аз дафтарҳояшон дар Донетск ва Луганск баромада, ба самти марзи Русия равон шуданд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Маъмурияти махсуси мониторинги САҲА аз қаламрави ҶМД ва ҶМЛ берун меравад. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндаи ҶМД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии режими оташбас хабар медиҳад.
"Ҳамаи 43 мошини СММ ва САҲА аз Донетск ба самти марзи Федератсияи Русия ҳаракат карданд", - омадааст дар паём.
Тибқи нақша, намояндагони СММ ва САҲА бояд аз гузаргоҳи Успенка, дар марз бо Русия убур кунанд. Чунин паём аз Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск (ЛПР) низ дарёфт шуд.
Гуфта мешавад, қатори мошинҳо ба сӯйи шаҳри Каменск-Шахтинскии вилояти Ростови Русия равон аст.
Намояндагони миссия дар бораи тарки ин минтақаҳо карданашон 24 февра хабар дода буданд.
Рӯзе пеш аз ин СММ ва САҲА дар гузориши ҳаррӯзаи худ гуфта буданд, ки гурӯҳҳои нозирон дар Донетск ва Луганск мунтазири бурунравӣ тавассути қаламрави Русия ҳастанд.
Қабл аз ин Ҳелга Шмид, дабири кулли САҲА гуфта буд, ки тасмим гирифтааст, ҳарчи зудтар тамоми аъзои ҳайати САҲА аз Украина хориҷ шавад.
Ситуация в Донецкой народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶХД аз тирборон шудани Горловка аз ҷониби нерӯҳои Украина хабар дод
Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд ва дар пайи дар робита ба тахлияи минтақа эълон карданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶМЛ ва ҶМД муроҷиат карданд.
Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.
Рӯзи 24 феврал Путин дар бораи амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод. Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд, ҳадаф танҳо пойгоҳҳои ҳарбӣ ва ғайринизомисозӣ хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0