Муаррихи турк: Путин ҳамеша аз Байден як қадам пештар аст

© Sputnik / Aleksey Nikolskyi / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин наблюдает за демонстрационными полетами пилотажных групп во время посещения XIII Международного авиационно-космического салона МАКС-2017 в подмосковном Жуковском
Президент России Владимир Путин наблюдает за демонстрационными полетами пилотажных групп во время посещения XIII Международного авиационно-космического салона МАКС-2017 в подмосковном Жуковском - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Мутахассис раҳбарони ду давлатро муқоиса кард ва шарҳ дод, ки чаро раисҷумҳури Русия аз бисёр ҷиҳат бартар аз кишвардори ИМА аст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бар хилофи раиси Кохи Сафед Ҷо Байден як раҳбари баландихтисос аст.
Дар ин бора муаррихи маъруфи турки аслан тотори Қрим Илбер Ортайлӣ ба шабакаи телевизионии TGRT "Haber" изҳор дошт.

"Путин арзишмандтарин шахсият дар миёни тамоми раҳбарони аврупоӣ аст. Ӯ як арбоби хуб, дорои тахассус аст, дар низоми Кумитаи амният ба воя расидааст, бо забонҳои хориҷӣ, бахусус немисӣ ҳарф мезанад",- таъкид кард муаррих.

Вай қайд кард, ки раҳбари Русияро бо Байден муқоиса кардан мумкин нест.
Баръакси Путин дар кирдорҳои сардори Касри Сафед бадахлокии сиёсӣ рӯшан мушоҳида мешавад.
Ортайла мегӯяд, Байден на биниш дорад ва на услуб.
Ин муаррих гуфт, тасмими Маскав барои анҷоми амалиёти вижа дар ҷиҳати ҳифзи Донбасс барои ӯ тааҷҷубовар набуд, зеро Путин "шахсе аст, ки бо рӯҳи русӣ амал мекунад" ва шаҳрвандони ҳар ду кишварро як миллат медонад.
Бо вуҷуди ин Ортайлӣ иқрор кард, ки ӯро як изҳороти раҳбари Русия ба ҳайрат овард.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
"Newsweek": Путин ҳеҷ гоҳ мағлуб нашудааст
Ҳамин тавр раисҷумҳури Русия дар яке аз муроҷиатҳои худ украиниҳоро “мардуми худ” номид (дар тафсири муаррих – ред.).
Ортайлӣ таъкид кард, ҳатто мардуми шаҳрҳои Измир ва Эрзуруми Туркия "ҳамдигарро ин қадар наздик эҳсос намекунанд".
Қаблан бартарии Путин бар Байденро президенти пешини ИМА Доналд Трамп таъкид карда буд.
Ӯ сарвари давлатро "раҳбари оқил" номида, ба нокомии мақомоти Амрико ишора кард.
Ба гуфтаи Трамп, Путин пас аз хуруҷи афсурдаҳолонаи Амрико аз Афғонистон амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро оғоз кард.
Лентаи хабарҳо
0