Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои дарёӣ дурӯғи Зеленскийро таъйид карданд

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксДоставка сдавшихся украинских военнослужащих в Севастополь
Доставка сдавшихся украинских военнослужащих в Севастополь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Паёмҳо дар мавриди ҳалокати низомиён дар ҷазираи Змеиний бепоя баромаданд
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Низомиён аз ҷазираи Змеиний дар асорат қарор доранд, иттилоъ доданд нерӯҳои баҳрии Украина дар "Facebook".
Ба иттилои ин ниҳод, тамос бо низомиёни ҷазира қатъ шуда буд ва талошҳо барои иртибот бенатиҷа анҷом ёфтанд.

"Мо хеле хурсандем, ки бародарони мо зиндаанд ва дар ҳолати хуб қарор доранд", - омадааст дар изҳорот.

Бар асоси изҳороти президенти Украина, Владимир Зеленский, баҳрнавардон ва марзбонон аз ҷазираи Змеиний зимни дифоъ ба ҳалокат расиданд ва онҳоро қадрдонӣ низ кард.
Қаблан Вазорати дифои Русия иттилоъ дод, ки 82 низомии Русия ихтиёран таслим шуданд.
Дар пайи гуфтушунид сарбозон силоҳро супурданд ва онҳо ба Қрим интиқол дода шуданд, изҳор дошт ноиби фармондеҳи нерӯҳои дарёии Баҳри сиёҳ дар умури бахши техникию таъминот, генерал-майор Михаил Ясников.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои суҳбати афсари нерӯҳои дарёии Украина Руслан Муренко нашр шуд, ки дар бораи раванди ҳаводис дар ҷазираи Змеиний нақл мекард. Низомиён аз хабарҳо дар мавриди ҳалокаташон изҳори ҳайрат карданд.
Украинский флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Украина ба Ватан интиқол медиҳад
"Зеленский ҳатто намедонист, ки дар Змеиний боз нерӯҳои хушкигарди баҳрӣ низ қарор доштанд. Агар онҳо моро дафн карда бошанд, аз ин бармеояд, ки онҳо чунин фикр доштаанд", - изҳор дошт Муренко.
Маврид ба зикр аст, ки аз тасмими гузарондани амалиёти вижа барои ҳимояи Донбасс рӯзи 24 феврал Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дод. Ӯ гуфт, "вазъият аз мо амалҳои фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад, мардуми ҷумҳуриҳои халқии Донбасс барои кумак муроҷиат карданд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки масъулияти хунрезӣ ба дӯши низоми ҳукмрон дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ даъват намуд, ки таслим шаванду ба хонаҳояшон баргарданд.
Таъкид шудааст, ки ин амалиёт баро асоси моддаи 51, қисми 7-и Оинномаи СММ ва тасдиқи Шӯрои Федератсия барои иҷрои созишномаи дӯстию кумаки тарафайн бо ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск амалӣ шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0