Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пушилин: Аскарони асири Украина бо озуқа ва ёрии тиббӣ таъминанд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксГлава ДНР Денис Пушилин, архивное фото
Глава ДНР Денис Пушилин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Донетск гуфт, ба асирони ҷангии Украина муҳтарамона муносибат мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Низомиёни артиши Украина, ки таслим шудаанд, бо ғизо таъмин ҳастанд ва пайваста ёрии тиббӣ мегиранд, гуфт раисҷумҳури Донетск Денис Пушилин.

"Дар Вазорати дифои Русия фаҳмиши возеҳ вуҷуд дорад ва ақли комилан солим ва муносибати муҳтарамона дар амалҳои мо дар робита ба асирони ҷангӣ мушоҳида мешавад", - гуфт ӯ дар барномаи "Соловёв Live".

Ба гуфтаи Пушилин, вазифаи Вазорати дифои Русия ин аст, ки пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ аскаронро ба Ватан баргардонанд ва онҳо забонхат менависанд, ки алайҳи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ва ҳамчунин Русия намеҷанганд.
Вай таъкид кард, ин ба ҳамаи онҳое дахл дорад, ки яроқи худро ба замин гузоштаанд.

"Онҳо бо ҳама чизи зарурӣ, ғизо, ёрии тиббӣ то анҷоми амалиёти ҷангӣ таъмин карда мешаванд", - гуфт Пушилин дар барномаи "Соловьев Live".

Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.
Украинский танк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶХД: Миллатгароён ба техникаи Украина ҳамла карда, ба хотири подош онро аз Русия мегӯянд
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амният баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.
Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0