Беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба кори доимӣ таъмин шуданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксРабочий на строительной площадке
Рабочий на строительной площадке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳисобот додааст, ки дар соли гузашта чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба кори доимӣ таъмин шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2021 масъулини намояндагӣ 4558 нафар шаҳрвандони мамлакатро дар субъектҳои хоҷагидори Русия бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаанд.
“Намояндагӣ дар соли 2021 вобаста ба самтҳои афзалиятноки худ дар доираи тадбирҳои андешидашуда дар робита ба фароҳамоварии ҷойи кори муносиб як қатор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки дар ҳамкории пайваста бо субъектҳои хоҷагидори Русия дар доираи шартномаҳои баимзорасидаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия пайваста тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
Манбаъ афзуд, дар соли 2021 бо соҳибкорон, корфармоён ва субъектҳои хоҷагидор 137 мулоқоту вохуриҳои корӣ барои ба таъмини ҷойи корӣ барои шаҳрвандони мамлакат баргузор шудааст
Намояндагӣ қайд кардааст, ки дар вохӯриву мулоқотҳо фароҳамоварии шароити корӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, баланд бардоштани тахассуси онҳо, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба корхонаҳои мавсимӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори домӣ баррасӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0