Тоқаев сабаби аслии буҳрони Украинаро гуфт

© APКасым Токаев
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, Русия ва Украина бояд сари мизи музокира забони муштарак пайдо кунанд, зеро вазъи геополитикӣ ба таври бесобиқа тезутунд шудааст
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфт, риоя нашудани тавофуқоти Минск боиси даргириҳо дар қаламрави Украина шудааст.
"Созишномаҳои Минск дар рӯи коғаз монданд <...>. Вазъияти геополитикӣ ба таври бесобиқа тезутунд шуд", — гуфт Тоқаев дар анҷумани ҳизби ҳокими "Нур Отан".
Раисҷумҳури Қазоқистон қайд кард, ки "ҳоло вақти он расидааст, ки дар бораи бебозгашти ин тамоюл сухан ронем".
Тоқаев аз Русия ва Украина, ду тарафи низоъ хост, сари мизи музокирот забони муштарак пайдо кунанд.
Ӯ гуфт, илоҷи дигаре ба ҷуз аз сулҳ нест ва бидуни он рушд кардан амри муҳол аст.
Переговоры России и Украины в Гомельской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Натиҷаи музокироти Русия ва Украина хушбинӣ мебахшад
Дар ин замина раисҷумҳури Қазоқистон ба ҳукумат дастур дод, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварро дар шароити "шиддати бесобиқаи зиддиятҳои таҳримӣ" миёни Русия ва Ғарб таъмин кунад.
Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди Қазоқистон низ бояд омода бошад, то фаъолияти бефосиларо таъмин кунад.
"Фикр мекунам, мо ҳама мушкилоти дар пешистодаро якҷоя паси сар хоҳем кард. Мушкилии онҳоро нодида гирифтан мумкин нест, аммо муболиға кардан ҳам мумкин нест", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0