Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳои Украина гуфтанд, Маскав аз Киев чӣ талаб кард

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Расонаҳои украинӣ мегӯянд, Маскав аз Киев тақозо дорад, ки аз Киев нозизудоӣ ва таҳкими мақоми ғайриблокиро талаб дорад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар музокирот бо Украина аз Киев талаб карданд, ки мақоми узвияти худро дар сатҳи парлумон мустаҳкам кунанд ва раъйпурсӣ баргузор намоянд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба нашрияи "Зеркало Недели".
Рӯзи душанбе музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар қаламрави Беларус баргузор шуд.
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекард.
Қаблан дафтари раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфта буд, ки "масъалаи аслии музокирот оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳо аз қаламрави Украина аст".
Худи Зеленский дар пайи ин мулоқот гуфт, то ба ҳол натиҷае нест, ки ба Украина лозим бошад.
Украинский танк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶХД: Миллатгароён ба техникаи Украина ҳамла карда, ба хотири подош онро аз Русия мегӯянд
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳо имзо кард.
Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсоя хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0