Вазорати дифоъ гуфт, роҳи низомиёни Украина ба баҳри Азовро баст

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции
Брифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Низомиёни украинӣ аз роҳи баромад ба баҳри Азов маҳрум шуданд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Нерӯҳои милисаи мардумии Ҷумҳурии Халқии Донетск ба марзи маъмурии вилоят расида, бо низомиёни Русия пайваст шуданд.
Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, роҳи баромади низомиёни украинӣ ба баҳри Азов комилан баста шуд.

"Гурӯҳҳои пешсафи милисаи мардумии ҶХД ба марзи маъмурии вилояти Донетск баромада, бо нерӯҳои низомии Русия пайвастанд, ки минтақаҳаи соҳилии баҳри Азовро зери назорат гирифтанд", - таъкид намуд генерал.

Вай такрор намуд, ки низомиёни Украина аз роҳи баромад ба баҳри Азов маҳрум шуданд.
Қаблан Конашенков эълон карда буд, ки нерӯҳои Русия фазои Украинаро комилан таҳти назорат гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли 8 сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский: Шаҳрҳои бузургамон дар муҳосираанд
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад. Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0