Ҳаракати васоили нақлияи умумии Душанбе дар аксари хатсайрҳо тағйир ёфт

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе аз сокинону меҳмонон хоҳиш намудааст, ки аз хидматрасонии хатсайрҳои муосири автобус ва микроавтобусҳо истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сар аз якуми марти соли ҷорӣ дар Душанбе ҳаракати автобусҳо дар аксари хатсайрҳо тағйир ёфт.
Бинобар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе, ин тағйирот ба хатсайрҳое дахл дорад, ки мусофиронро то маркази савдои "Кӯшониён" интиқол медиҳанд.
Ҳамин тариқ ҳаракати хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ — бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои "Балх", тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои "Кӯшониён" тағйир ёфт.
Двухэтажный автобус в Душанбе (проект) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Шаҳрдории Душанбе боз 30 автобуси AKIA ворид мекунад
Ҳамчунин, дар хатсайри микроавтобусии №19 (маҳаллаи Пахтакор — боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои "Кӯшониён" дигаргунӣ сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, ҳамарӯза аз маркази савдои "Кӯшониён" хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор — бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурудгоҳи кӯҳна — бозори Кӯшониён), инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли "Чорбоғ"- МТМУ №61), №21 (кӯчаи Гагарин (ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ — бозори "Кӯшониён" ва №53 (кӯли "Чорбоғ"- НФС "Газпром") ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0