Бо фармони Путин, баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Русия мамнуъ шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Русия фармонеро имзо кард, ки аз ин кишвар ба берун бурдани маблағи беш аз 10 000 долларро манъ мекунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои таъмини суботи молиявии кишвараш фармони ҷадид имзо кард.
Бар гузориши дафтари матбуотии Кремл, ҳамакнун баровардани 10 000 доллар аз қаламрави Русия, тибқи фармони тасвибнамудаи Владимир Путин, мамнуъ аст.
Дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ин тадбирҳо дар пайи "амалиёти ғайридӯстона ва хилофи ҳуқуқи байналхалқии ИМА, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқии ба онҳо ҳамроҳшуда" ба амал омадаанд.
Ҳамин тариқ, аз 2 март аз Русия ба берун бурдани асъор ба маблағи зиёда аз даҳ ҳазор доллари ИМА бо қурби Бонки марказӣ манъ шудааст.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Байден таҳримҳои нави дандоншиканашро бар зидди Русия эълон кард
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Бритониёи Кабир ва Канада алайҳи кишвардори Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров таҳрим ҷорӣ карданд.
Амрико тасмимашро ҳамчун вокуниш ба "ҳуҷуми беасос ва барқасдона аз ҷониби Русия ба Украина" арзёбӣ намудааст.
Таҳрими Путину Лавров аз сӯйи ИМА: Русия чӣ посух дод?
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар посух гуфт, таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров намуна ва намоиши беқувватии мутлақи Ғарб аст.
Пеш аз ин вай қайд карда буд, ки Русия ба таҳримҳои нави Ғарб, агар онҳо алайҳи раҳбарияти Русия ҷорӣ шаванд, посух хоҳад дод. Захарова изҳор дошт, ки президент ва вазир дар хориҷа амонат надоранд.
Лентаи хабарҳо
0