Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ҳастаӣ хоҳад буд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири корҳои хориҷии Русия аз хусусиятҳои муноқишаи ҷаҳонӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар сурати cap задани Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ аз яроқи ҳастаӣ истифода мешавад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ал-ҷазира" изҳор дошт.

"Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ҳастаӣ ва харобиовар хоҳад буд. Президенти ИМА Байден як шахси ботаҷриба аст ва қаблан гуфта буд, ки ягона алтернативаи ҷанг таҳрим аст", - таъкид кард дипломат.

Вай ба Ҷо Байден, раиси Кохи Сафед ишора кард, ки ҷорӣ кардани таҳримҳои густарда алайҳи Русияро алтернатива ба Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта буд.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс ва ҷилавгирӣ аз дастёбии Украина ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Министерство иностранных дел Китая.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Чин барои ҳалли буҳрони Украина кумак хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0