Коҳиши қимати рубл дар бозори арзи Тоҷикистон идома дорад

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коҳиши қурби пули русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон идома дошта, қимати 1000 рубл то марзи 100 сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Авохири моҳи феврал ва ҳамакнун аввали март қурби рубл дар баробари пули миллии Тоҷикистон ба таври ҳайратангез поин рафтааст.
БМТ қурби ҳаррӯзаи асъорро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муқаррар мекунад.
Ҳамин тавр, тибқи нишондоди БМТ, рӯзи 2-юми март қурби рубл то 108 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як рӯзи қабл 20 сомонӣ камтар аст.
Дар мавриди қурби пули амрикоӣ бошад, дар ҷумҳурӣ он мисли пештара дар сатҳи 11,30 сомонӣ барои як доллар қарор дорад.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Бо фармони Путин, баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Русия мамнуъ шуд
Пули аврупоӣ дар ҳоли шинокунанда, дар ҳудуди 12,62 сомонӣ барои як евро қарор дорад.
Ҳамин тавр қурби миёнаи фурӯши асъори нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.6221 то 13.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1065 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0