Матвиенко хост, аз воҳима атрофи таҳримҳо ҷилавгирӣ шавад

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Шӯрои Федератсия муҳим хонд, ки ҳама дар шароити таҳримот "сарашонро кор фармоянд"
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ҳама даъват намуд, ки зарфияти кишварро омӯзанду дар шароити таҳрим ба воҳима дода нашаванд.
Матвиенко гуфт, дар шароити таҳрими бесобиқа алайҳи Русия муҳим мебошад, ки ҳама аз ақл кор гиранд.

"Бояд пурра таҳлил шавад, чӣ барои кори соҳибкорон, ташаббусҳои инфиродӣ, соҳибкории хурду миёна, тоҷирон халал мерасонад, тамоми зарфиятҳо ва имконотро бояд ба кор бурд, то аз зиён ҷилавгирӣ шаваду ҳолати ваҳшатзадагӣ сурат нагирад", - изҳор дошт ӯ.

Раиси Шӯрои Федератсия илова намуд, ки бахши соҳибкорӣ бояд дар шароити ҳозира масъулияташро пурра эҳсос кунад.
"Бахши хусусӣ даромадашро набояд аз ҳама боло гузорад ва ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва инчунин дорую масолеҳи сохтмонӣ роҳ диҳад", - таъкид намуд Матвиенко.
Вай муҳим хонд, ки бояд роҳи баромад аз таҳти фишори таҳримотро пайдо намуд. Аз ҷумла кадом имконоти иловагиро бояд равона намуд, то тоҷирони беинсоф аз вазъ сӯистифода накунанд, ки барояшон даромад аз ҳама чиз боло меистад.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Замони баргузории даври дувуми музокироти Русия ва Украина дар Беларус маълум шуд
"Ҳамаи соҳибкорӣ бояд миллӣ шавад, кумак кунад, то иқтисод устувор шавад, гароншавии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро иҷоза надиҳад", - изҳор дошт Матвиенко.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе кишварҳои ҷаҳон алайҳи Русия дар пайи амалиёти низомӣ барои ҳимояи Донбасс дар Украина таҳрим ҷорӣ намуданд, ки бахшҳои гуногун, аз молия то саноату энержиро дар бар мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0