Мулоқоти Расулзода бо фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвазири Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Тери Ҳакала, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар бораи вазъи феълӣ ва дурнамо табодули андеша кардаанд.
Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", дар мулоқот таъкид ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, муҳити зист ва гуманитарӣ шудааст.
Инчунин ҷонибҳо фазои мавҷуди миёни ду тарафро муҳити дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум арзёбӣ карда, изҳор доштаанд, ки ин омили асосии пешрафти ҳамгироию ҳамкорӣ мебошад.
"Тақвияти нақши Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон самараи неки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Встреча с делегацией Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?
Аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин дидор оқибатҳои тағйирёбии иқлим, мушкилоти марбут ба муҳити зист дар сайёра будаанд.
Инчунин таъкид мешавад, ки Тери Ҳакала бо мақомдорони дигари Тоҷикистон низ мулоқот кардааст.
Аз ҷумла Ҳакала дар мулоқот бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Тоҷикистонро аз шарикони боэътимод дар Осиёи Марказӣ хондааст, хабар дод дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Аҳмадзода дар навбати худ ҳавасмандияшро барои ҷалби сармоягузориҳо ва тақвият бахшидани имконоти корхонаҳои саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон баён доштааст, ки ба гуфтаи ӯ, барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо инчунин аз ҳамкориҳо дар самти бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкасб намудани калонсолон, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва оби полезӣ, воридсозии технологияҳои нав изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагиро барои татбиқи лоиҳаҳои ҷадид баён доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0