Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Замони баргузории даври дувуми музокироти Русия ва Украина дар Беларус маълум шуд

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Музокироти Русия ва Украина, ки гуфта мешуд, 2 март баргузор мешавад, охири ҳафта сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Даври дувуми музокирот барои ҳалли низоъ миёни Русия ва Украина дар Беларус дар авохири ҳамин ҳафта баргузор мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба як манбаи огоҳ хабар додааст.

"Ҷониби Украина то ҳол дар бораи омодагии худ ба музокирот посухи мусбӣ надодааст. Маълум аст, ки бо назардошти таъминоти логистикӣ барои расидан ба Беларус вақти иловагӣ лозим аст. Имрӯз музокирот, ба гумон аст, ки баргузор шавад", - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, "ба эҳтимоли зиёд сухан дар бораи охири ҳафта меравад".
Тахмин меравад, ки рӯзи музокираи ҷонибҳо то ҷумъа маълум шавад.
Ёдрас менамоем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Госдума РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатӣ гуфт, Киев барқасд музокирот бо Маскавро ба таъхир меандозад
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0