Нурсултон боз Остона мешавад?

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксМонумент "Астана-Байтерек" в Нур-Султане.
Монумент Астана-Байтерек в Нур-Султане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси маҷлиси Қазоқистон тавзеҳ дод, ки номи Нурсултонро боз ба Остона тағйир медиҳанд ё на
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ерлан Кошанов, раиси маҷлис ба ин суол, ки оё номи Остона ба пойтахти Қазоқистон баргардонида мешавад, посух дод.
Кошанов ба хабарнигорон гуфт, "феълан дар рӯзнома чунин масъала вуҷуд надорад".
Вай инчунин изҳор намуд, ки ин масъаларо вакилон худашон ба миён намегузоранд.
Папка с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Домодҳои Нурсултон Назарбоев аз мақомҳояшон истеъфо доданд
Ёдовар мешавем, ки пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019, пас аз истеъфои президенти нахустини ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев номи худро аз Остона ба Нурсултон иваз кард.
Иваз кардани номи пойтахти Қазоқистонро раисҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод намуд.
Қарор дар бораи табдил додани номи пойтахти Қазоқистон – Остона ба Нурсултон, яъне ба номи президенти аввали ин кишвар рӯзи 20 марти соли 2019 имзо шуд.
Лентаи хабарҳо
0