Русия омодааст, бо Украина кафолати амниятиро баррасӣ кунад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири хориҷаи Русия гуфт, кишвараш омодааст, бо Украина масъалаи кафолати амниятро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, кишвараш омодааст, масъалаи кафолати амниятиро дар даври дувуми музокирот бо Украина баррасӣ кунад, иттилоъ додааст РИА "Новости”.
Лавров изҳороти Зеленский дар бораи хоҳиши гирифтани кафолатҳои амниятиро як қадами мусбат номид.
Ҳамзамон вазир таъкид кард, ки талаботи Русия дар бораи Украина наметавонад ҳамчун таслими он эътироф шавад. Маскав пешниҳоди музокира дорад.
Вазифаи амалиёт дар Украина муайян кардани навъҳои мушаххаси силоҳҳои зарбазан аст, ки ҳеҷ гоҳ дар он ҷо ҷойгир карда намешаванд, илова намуд Лавров.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маскав гуфт, кадом таҳримҳо барояш ғайричашмдошт буд
Ҳамзамон Лавров қайд кард, ки нияти Маскав ва Киев барои баргузории даври дувуми музокирот аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо барои ҷустуҷӯи роҳи ҳалли низоъ омодаанд.
"Мо ҳоло ба тафсилот назар намеандозем, зеро ин танҳо марҳилаи аввал аст, аммо ба тавофуқ расидем, ки ҷонибҳо бори дувум мулоқот кунанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал омода мебошанд. Ман гуфтам, ки мавқеи мо дар чист. Ин ба ҷониби Украина маълум аст ", - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ал-ҷазира".

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Здание МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Тавзеҳи ВУХ-и Русия дар бораи паёмадҳои даст кашидани Олмон аз лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2”
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0