Амрико омодаи музокирот бо Русия дар бораи амният аст

© AP / Jacquelyn MartinТони Блинкен. Архивное фото
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Котиби давлатии ИМА аз омодагии кишвараш барои музокира бо Русия дар мавриди кафолати амниятӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА (вазири умури хориҷа) ахиран гуфт, Вашингтон барои баррасии ҳама гуна нигарониҳои муштараки амниятӣ бо Маскав омодааст ва Амрико инро дар моҳҳои охир "ба таври возеҳ намоиш додааст".

"Мо пеш аз таҷовузи Русия (ба Украина) хеле рӯшан гуфта будем, ки омода ҳастем, ҳама гуна нигарониҳои амниятиро бо Русия дар асоси манфиати мутақобил баррасӣ намоем", - гуфт Блинкен.

Дар охири соли 2021 Русия пешниҳодҳои худ ба Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро равон кард. Маскав аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии тавсеа наёфтани НАТО ба Шарқ, ва пайваст нашудани Украина ба ин созмонро талаб карда буд. Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банде дар бораи истиқрор накардани силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 иникос ёфта буд.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВУХ: Миёни осебдидагон дар Украина шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0