Бабри барфӣ пас аз пора-пора кардани чорво дар ВМКБ ба дом афтод

© SputnikБабри барфӣ дар водии Бартанг
Бабри барфӣ дар водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин дуюмин ҳодисаи ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи 10 рӯзи ахир мебошад
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бабри барфӣ ба оғили сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳуҷум карда, шаш сар чорвои майдаро пора-пора кард ва ба дом афтод.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ин ҳодиса шаби 3 март, тахминан соати 01:30 рух додааст.
Бабри барфӣ дар оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба чорпоён ҳамла карда, шаш сар чорвои майдаро пора-пора кардааст.
Тибқи гузориши КҲФ, пас аз мубориза бо дарранда, сокинон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КҲФ дар ноҳияи Роштқалъа ва ВКД ҳайвонро ба доми худ кашида, ба манотиқи дурдаст бурда, озод кардаанд.
Бабри барфӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Бабри барфӣ дар ВМКБ даҳҳо чорвои майдаро пора-пора кард
Ногуфта намонад, ки ин дувумин ҳодисаи ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорпоён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи 10 рӯзи ахир мебошад.
Ҳамин тавр рӯзи 24 феврал низ бабри барфӣ ба оғили як сокини ноҳияи Роштқалъа ҳуҷум карда, 20 сар чорвои майдаро нест карда буд.

Тавсияҳои КҲФ барои ҳифзи чорво аз чанголи даррандагон

Чаронидани чорво бояд танҳо рӯзона ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Чӯпон бояд бо худ васоити муҳофизатӣ дошта бошад. Шабона чорво бояд дар ҷойҳои бехавф ҷо дода шавад.
Оғилҳо дар қишлоқҳои кӯҳӣ бояд бо панҷараи баландиаш на камтар аз 2,5 метр девор гирифта шаванд. Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди бабри барфӣ ё хирс муҳофизат кунад. Ба бошишгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст.
Онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонӣ карда шаванд.
Истифодаи усулҳои тарсондани бабри барфӣ хеле ба мақсад мувофиқ аст.
Ҷасадҳои ҳайвоноти мурда бояд бо роҳи сӯзондан нобуд карда шаванд;
Дар бошишгоҳҳои тобистонии чорво ва дар оғилхона аз хизмати сагҳо истифода крадан лозим аст. Дар ин ҳолат сагҳо бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии паланг муҳофизат карда шаванд. Ба ин мақсад барои сагҳо паноҳгоҳ сохтан лозим аст, масалан дар таги хона чуйборҳои танг, анборе, ки барои бабри барфӣ дастнорас бошад.
Ҳудуди манзилҳои шахсиро, ки махсусан дар канори роҳ ҷойгир ҳастанд, бояд бо деворҳои баланди на камтар аз 2,5-метрӣ муҳофизат марзгирӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0