Душанбе ва Боку бародаршаҳр шуданд

© Sputnik Душанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корияш ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳамтои худ Элдар Азизов мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Озарбойҷон бо шаҳрдори Боку Элдар Азизов мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Манбаъ меафзояд, дар оғози суҳбат мири шаҳри Душанбе аз саҳми раисҷумҳурони Тоҷикистону Озарбойҷон тавсиф намуда, нақши онҳоро дар тавсеа ва тақвияти тамоми маҷмуи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи равобити дӯстонаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Аз имзои созишномаи ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон: тафсилоти сафари Рустам ба Озарбойҷон
Ҳамзамон ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми музокирот Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Бокуро имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0