Ғарб мехоҳад дар майдони ҷанг ва арсаи молӣ Русияро бишканад

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Ғарб барои боздоштани Русия ба чӣ кор омодааст? Магар танҳо барои ҷанги умумии молию иқтисодие, ки алайҳи мо эълон кардааст?
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik, Петр Акопов. Ғарб эълон кард, ки қариб талафоти худро нодида гирифта, дурусттараш дар бораи оқибатҳои ҳатто ноком фикр накарданро афзал медонад, ки Русия аз иқтисоди ҷаҳонӣ "бурида" мешавад. "Қариб", зеро пуриқтидортарин аслиҳаи энергетикӣ мутаваққиф нашудааст, яъне содироти энергетикаи Русия то ҳол мамнуъ нашудааст.
Гузашта аз ин Ғарб аз он истифода карданӣ нест, вале хеле метарсад, ки худи Русия ба ин кор даст мезанад. Бо вуҷуди ин Кремл нияти таркондани як "бомбаи атомӣ"-и нафту газро надорад, илова бар ин вокуниши мо ба таҳримҳои Ғарб амалан камтар буд. Чаро? Зеро чораҳои аз ҷониби Ғарб андешидашуда барои тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ оқибатҳои бузург хоҳанд дошт, на танҳо барои Русия.
Гузашта аз ин оқибатҳоеро, ки ҳоло ҳеҷ кас ҳисоб карда наметавонад, низоми куҳнаи тартиботи ҷаҳонӣдар пеши назари мо хароб мешавад. Аммо суръати нобудшавии он метавонад гуногун бошад ва дар ин ҷо ҳама чиз аз он вобаста аст, ки кӯшишҳои муҳосираи Русия аз ҷониби Ғарб то чӣ андоза таҳаққуқ мепазиранд.
Народный артист России Денис Мацуев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Ғарб фарҳанги русро "рад" мекунад
Чӣ тавр? Онҳо абадӣ нестанд? Не, маҳз аз он сабаб ки онҳо ба худи Ғарб ва системаи ҷаҳонии молӣ ва иқтисодие, ки он сохтааст, зарари калон ва ислоҳнашаванда меоранд. Ғайр аз он ин зарар бо мурури замон афзоиш хоҳад ёфт, аксарияти онҳо таъсири таъхирнопазир дорад. Аз он ҷумла аз он сабаб ки чораҳои зидди Русия андешидашуда аллакай ба тамоми ҷаҳони ғайриғарбӣ таъсири ҳайратангез гузоштаанд ва бояд ба гунае боварӣ ҳосил кард, ки ҳамаи ин як падидаи истисноӣ ва муваққатӣ хоҳанд буд.
Аз ин рӯ худи Ғарб манфиатдор аст, ки дардовартарин қисми таҳримҳо барои ҳама лағв шавад, аммо танҳо пас аз он ки ба бефоида будани кӯшишҳои боздошт ва аз ҷиҳати иқтисодӣ саркӯб кардани Русия итминон ҳосил кунад.
Яъне Ғарб то ҳол интизор дорад, ки моро аз ҷиҳати иқтисодӣ саркӯб мекунад?
Бале, бархе аз нухбагони ғарбӣ ба ин бовар доранд, вагарна онҳо ба ин гуна таҳримҳои густарда ва дуҷониба даст даст намезаданд. Ҷулия Фридландер аз Шӯрои Атлантик менависад, Путин даҳҳо ҳазор сарбозро сафарбар кард ва давлатҳои муттаҳид бо сафарбар кардани қудрати бузурги молиявии худ посух доданд, ҳоло ин як бозии қимор байни молия ва артиш аст. Аммо агар артиши Русия ба ҳадафҳои худ мерасад, пас муваффақияти зарбаҳои молии Ғарбро чӣ гуна метавон андозагирӣ кард?
Охир, ба наздикӣ маълум шуд, ки онҳо Москваро ҳадаф қарор дода буданд, вале дар системаи чахонии худ карор гирифтанд. Онҳо мехостанд Русияро аз иқтисоди ҷаҳонӣ ҷудо намоянд, аммо дар ниҳоят дарҳои назорати ҷаҳонро ба рӯи худ бастаанд.
Ҳоло Ғарб афзалтар медонад, ки дар ин бора фикр накунад. Онҳо интизор хоҳанд шуд, ки агар дар моҳҳои наздик иқтисоди Русия хароб нашавад, пас ҳадди ақалл коҳиши якбораи сатҳи зиндагӣ дар Русия ва норозигии густурдаи мардуми моро интизор аст. Ва гарчанде ки Ғарб русҳоро хуб намешиносад, муҳоҷирону олигархҳои моро бо онҳо омехта мекунанд, онҳо ҳанӯз ҳам дарк мекунанд, ки як бад шудани вазъи зиндагии мардум боиси рӯ гардонидани онҳо аз Владимир Путин намешавад.
Флаги США и Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб ба муқобили Русия ҷабҳаи дувум боз кардааст, ки он иқтисодист
Аз ин рӯ онҳо шарти дувуми заруриро баррасӣ мекунанд: агар шикасти низомии Русия наметавонанд ба вуҷуд биёранд, пас бо таъхири амалиёти низомӣ дар Украина иктифо мекунанд.
Мо ба қадри имкон ба хуни русию ва украинӣ ниёз дорем ва ин аст, ки Ғарб аз Зеленский даъват намекунад, ба муқовимати бемаънӣ хотима диҳад, балки бо ҳар роҳ раҳбарияти Украинаро дастгирӣ мекунад, "Стингер"-у узвият дар Иттиҳоди Аврупоро барояш ваъда медиҳад. Пеш аз ҳама Ғарб Украинаро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ мекунад, зеро аз ҷиҳати моддӣ (яъне лавозимоти ҳарбӣ) онро дигар дастгирӣ карда наметавонад.
Шумо фикр мекардед, Ғарб бовар дорад, ки Украина пирӯз мешавад, Зеленский президент боқӣ мемонад ва ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо мепайвандад? Ё он умед дорад, ки артиши Русия хориҷ мешавад ва роҳи Украинаро барои нуфузи Ғарб боз мекунаду бо мурури замон он метавонад дубора тасарруф шавад?
Албатта, на. Ҳоло Ғарб танҳо ба як чиз букмекерӣ мекунад: барои он ки ҷанг то ҳадди имкон идома ёбад. Он қадар тӯлонӣ бошад, норозигиро ба вуҷуд орад ва бетартибиҳо дар Русия Путинро маҷбур мекунад, ки ба хуруҷи нерӯҳо аз Украина фармон диҳад.
Умедҳои пӯч? Бале, аммо мантиқи як қисми элитаи англосаксонӣ маҳз ҳамин аст. Ин аст он чизе ки Ричард Ҳаас, таҳлилгари "вазнинтарин"-и амрикоӣ, раиси Шӯрои равобити хориҷӣ мегӯяд:
"Мо бояд итминон ҳосил кунем, ки кишвараш бештар хисороти иқтисодӣ ва талафоти бештари низомӣ дар замин хоҳад дид. Ман инро сахт гуфтан намехоҳам, аммо бузургтарин осеби Путин сарбозони кушташудаи рус мешаванд. Аз ин рӯ мо бояд Украинаро бо василаҳои муқобила таъмин кунем".
Ва ҳадаф дар ин ҷо дигар танҳо Украина нест, Ҳаас ба "тағйири режим" дар Русия даъват мекунад. Барои русҳо дар Украина "Афғонистони дуюм"-ро ташкил кардан лозим аст, — чунон ки атлантикхо ҳанӯз пеш аз оғози амалиёти ҷангии мо ваъда дода буданд.
Аммо бо назардошти он ки интиқоли ҳарбӣ ба Украина тақрибан номумкин аст, бояд рӯҳияи он қисми украиниро, ки омодаанд, то ба охир мубориза баранд, бо ваъдаи кӯмак ба онҳо ва “Русияро аз дарун осеб додан” ҳифз кард.
Ва агар Путин набошад, таҳрим ҳам нахоҳад буд ва метавон талош кард, то зарари иқтисодӣ ва обрӯи онҳо барои Ғарб камтар шавад.
Ин вазифаи максималӣ аст. Ва вазифаи ҳадди ақал ин аст, ки Русия бо тӯл додани амалиёти ҷангӣ ва нигоҳ доштани фишори таҳримӣ заиф гардонда шавад.
Ин нақшаи оддӣ танҳо як мушкилот дорад - дар амалиёти ҷангӣ таъхир нахоҳад шуд. Артиши Украина дар як ё ду ҳафтаи оянда маҷбурӣ, дар натиҷаи муҳосира ё пас аз фармони Зеленский дар бораи гузоштани силоҳ муқовиматро қатъ мекунад. Инро вақт нишон хоҳад дод. Бале, он гоҳ Русия бо Украина муддати тӯлонӣ сарукор дорад, аммо ин як қиссаи комилан дигар ва Украинаи дигар хоҳад буд.
Аммо вақте Ғарб боварӣ ҳосил мекунад, ки тӯлонӣ кардани ҷанг натиҷае намедиҳад, вақти он фаро мерасад, ки дар бораи мушкилоти молию иқтисодии ба вуҷудовардааш андеша намояд. Эҳтимол дорад, пас аз чанд моҳ таҳримҳо алайҳи Русия қисман лағв шаванд, аммо ҷаҳонро ба ақиб баргардондан ғайриимкон аст. Ҷанг дар рӯи Замин ба охир мерасад, аммо тӯфони ҷаҳонии молӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ҳоло оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0