Ҳукми зиндони зане барои дуздии кӯдаки думоҳа дар Душанбе: тафсилоти қазия

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи пурсарсадои рабудани кӯдаке дар яке аз беморхонаҳои пойтахтро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт занеро, ки дар рабудани кӯдаки думоҳа муттаҳам мешуд, ба муддати 9 солу 6 моҳ зиндонӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, маҳкумшуда Ахмедова Нигораи 29-сола буда, бо роҳи фиреб ба боварии модари ҷавон Назарова Манзураи 20-сола даромада, фарзанди ӯро рабудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 30 ноябри соли 2021 сар задааст. Манбаъ меафзояд, ин зан ба манзури дарёфти кӯдаке барои рабудан ба Маркази саломатии шаҳрии №13-и шаҳри Душанбе меояд ва дар он ҷо бо шаҳрванд Назарова Манзура, ки барои муоинаи писари думоҳааш Ҷалолов Абдураҳмон омада буд, шинос мешавад.
Гуфта меашавад, ӯ бо мақсади рабудани фарзандаш ба боварии номбурда даромада, худро ҳамчун инсони ростқавлу кӯмакрасон нишон дода, бо мақсади татбиқи нияти худ ҳамроҳи Манзура Назарова ба назди духтури асабшинос даромада, фарзанди номбурдаро аз муоинаи духтури асабшинос, гӯшу гӯлу ва бинӣ мегузаронанд.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
Баъди ҳамроҳ аз муоина ба берун баромадан ӯ модари кӯдакро ба гумроҳи андохта, иброз намудааст, ки янгааш дар маркази саломатии мазкур ба сифати духтур фаъолият мекунад ва лозим медонад, писараш Ҷалолов А.Ю.-ро аз муоинаи ӯ низ гузаронад.
Ахмедова Н.Р. бо роҳи фиреб ба боварии Назарова М. даромада, кӯдакашро аз дасташ гирифта, бо баҳонаи он ки барои муоина дастпӯшак зарур аст, Назарова М-ро барои харидани дастпӯшак ба дорухонаи берун аз марказ равон кардааст.
Дар ин зимн ӯ аз фурсат истифода бурда, кӯдаки хурдсолро рабуда, ба манзили истиқоматии волидонаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бурда, ин тифлро ба хешу табори худ ҳамчун кӯдаки нав таваллудкардааш муаррифӣ намудааст.

"Баъдан, ӯ худи ҳамон рӯз аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Ватс-апп” ба шавҳараш Абдуллоев Разиуллоҳ, ки дар Русия қарор дошт, аксҳои кӯдаки рабудаашро равон карда, муборакбодӣ намудааст, ки гуё фарзандор шудаанд",- афзуд манбаъ.

Ин зан баъди дар расонаҳо интишор шудани хабар аз сӯйи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе боздошт шуд ва додситони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбаташ парванда боз кард.
Ҳамин тариқ бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, мутобиқ ба моддаи 130, қисми 2, банд “д”, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим ва ба муҳлти 9 солу 6 моҳ зиндонӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0