“Истиқлол” барои сабқат бо қаҳрамонҳо боз ба Саудӣ меравад

© Hamoud Al-OsaimiЧемпион Таджикистана душанбинский "Истиклол" одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2.
Чемпион Таджикистана душанбинский Истиклол одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Футболбозони душанбегӣ боз барои рақобат бо қавитаринҳои олами араб мераванд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе соли ҷорӣ низ рақобатҳои гурӯҳияшро дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё бо Арабистони Саудӣ мегузаронад.
Дар ин бора сомонаи дастаи душанбегӣ иттилоъ додааст.
"Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар минтақаи Ғарб бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи "А" қарор гирифт.
Рақибони тими душанбегӣ дар ин гурӯҳ дастаи "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, "Ал-райян"-и Қатар мебошанд. Ҳарифи сеюми тими Тоҷикистон дар ин гурӯҳ ғолиби ҷуфти "Шарҷа" -и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва "Ал-завраа"-и Ироқ хоҳанд буд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи осиёӣ дар қисмати ғарбӣ бо шеваи мутамаркиз аз 7 то 27-уми апрел баргузор мешаванд.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Кӣ омаду кӣ рафт: Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мавсимро бо ҳайатҳои қавӣ пешвоз мегиранд
Ёдовар мешавем, ки тими "Истиқлол" дар соли қабл дар доираи ҳамин қаҳрамонӣ тими мизбон, "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудй ва қаҳрамони пешинаи лигаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода буд, ки дар пайи он дастаи арабӣ мавриди сарзаниши корбарон дар шабакаҳои иҷтимоии он кишвар қарор гирифт.
Соли ҷорӣ низ "Ал-ҳилол" мизбони мусобиқа аст ва ба гуфтаи коршиносони соҳа, барои "реванш" бо "Истиқлол" "дандон тез" мекунад.
Ба асоси қоидаҳои ин мусобиқа, дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ панҷ ғолиби гурӯҳҳо ва се дастаи дорои ҷои дуюм бо беҳтарин натиҷаҳо роҳ меёбанд.
Дар сурати баромадан ба даври ҳаштякниҳоӣ тими "Истиқлол" бозии ояндаро се ё чаҳоруми феврали соли 2023 анҷом хоҳад дод.
Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё миёни қаҳрамонҳою ҷоизадорони кишварҳои минтақа баргузор шуда, яке аз мусобиқаҳои бонуфуз ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0