Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров ба хонаводаи қурбониён дар Украина ҳамдардӣ баён кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия таъкид кард, ки низомиёни Русия ҳама талошро мекунанд, то аз талафоти ғайринизомӣ ҷилавгирӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба хонавода ва наздикони кушташудагон дар Украина изҳори ҳамдардӣ кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо расонаҳои русӣ ва хориҷӣ изҳори назар кардааст.
"Ҳар ҷони инсон бебаҳост, ҳама гуна амалиёти ҷангӣ, мутаассифона, бо талафот алоқаманд аст. Ва на танҳо дар миёни низомиён, балки дар байни шаҳрвандон низ", - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, низомиёни Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат мекунанд, дастури қатъӣ доранд, то барои саркӯб кардани зербиноҳои низомӣ танҳо аз аслиҳаи дақиқ истифода кунанд.
"Ҳатто казармаҳое, ки дар он низомиёни украинӣ мустақар ҳастанд, мавриди ҳамла ва зарба қарор нагирифтаанд. Ман танҳо метавонам ба ҳамаи хешовандон, дӯстони [қурбониён] тасаллият бигӯям", - гуфт Лавров.
Пресс-конференция главы МИД РФ С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия омодааст, донишҷӯёни ҳиндиеро, ки мехоҳанд, Украинаро тарк кунанд, қабул кунад
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Дар ҳамин ҳол эҳтимол рӯзи 3 март музокироти навбатии Русия ва Украина баргузор шавад. Қарор аст, ҳайатҳои ду кишвар дар вилояти Брест мулоқот кунанд.
Лентаи хабарҳо
0