Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Басурин: Нерӯҳои Украина намегузоранд, ки сокинон аз Мариупол берун шаванд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксПредставитель народной милиции Донецкой народной республики Эдуард Басурин
Представитель народной милиции Донецкой народной республики Эдуард Басурин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳр мардум бо мушкили об, ғизо ва нерӯи барқ ​​рӯ ба рӯ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Сокинони Мариупол наметавонанд аз долонҳои башардӯстонае, ки барои хуруҷи мардуми осоишта кушодаанд, истифода кунанд.
Дар ин бора намояндаи милитсияи мардумии Донетск Эдуард Басурин аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 24" (ВГТРК) хабар дод.
"Долони башардӯстонае барои баромадани аҳолии осоишта (Мариупол) кушодаем. Одамонро намегузоранд, ки аз тариқи он берун шаванд, онҳоро боздошт мекунанд. Дар Мариупол кӯчаи Гастелло мавҷуд аст, ки мардумро дар таҳхонаи мактаби он кӯча нигоҳ медоранд. Дар ҳоли ҳозир дар ин таҳхона беш аз 60 нафар ба сар мебаранд, ки нисфи онҳо занону кӯдаконанд", - гуфт ӯ.
Басурин таъкид кард, ҳеҷ яке аз сокини кишвар наметавонад аз долони башардӯстона истифода кунад ва мактабе, ки ӯ зикр кардааст, минагузорӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз интизор шудан лозим аст, то вазъ ба эътидол ояд.
"Амалиёти вижа нишон дод, ки зарбаҳои ҳадафмандона задан мумкин аст, то мардуми осоишта осеб набинанд ва ба ин васила душманро дар дохили шаҳр рӯҳафтода кунанду онҳо таслим шаванд", - афзуд Басурин.
Министерство обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маълум шуд, нерӯҳои Русия чанд зерсохти низомии Украинаро тахриб кардаанд
Вай таъкид кард, ки дар Мариупол мушкили обу ғизо ва нерӯи барқ ​​вуҷуд дорад. Ба гуфтаи намояндаи милитсияи мардумии ҶХД, дар ҳоли ҳозир беш аз 100 сарбози украинӣ таслим шудаанд, ба онҳо кумак ва имкони муошират бо наздиконашон дода мешавад.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, гурӯҳи нерӯҳои ҶХД шаҳрро муҳосира кардаанд. Басурин ҳамчунин гуфт, ки амалиёти поксозии Волноваха ҳоло ба охир расида, як қатор объектҳо аз минаҳо тоза карда мешаванд.

Амалиёти Русия дар Украина барои ҳимояи Донбасс

Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0