Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ Русия гуфт, Маскав маҷбур шуд, дар Украина амалиёти вижа гузаронад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия амалиёти вижа дар Украинаро тасмими иҷборӣ унвон кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина як тасмими маҷбурӣ буд, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Русия маҷбур шуд, ки онро оғоз кунад, зеро он дар Ғарб шунида нашудааст", - таъкид кард ӯ.
Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0