Рустами Эмомалӣ паёми Раҳмонро ба президенти Озарбойҷон расонд

© Хадамоти матбуоти президенти ОзарбойҷонМулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Илҳом Алиев
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Илҳом Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соли ҷорӣ ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон дар ноҳияи Шемах боғи дӯстӣ дунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, ки рӯзи 3 март озими Ҷумҳурии Озарбойҷон гардид, бо раисҷумҳури ин кишвар Илҳом Алиев мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои озарии ӯ, ҷаноби Илҳом Алиев расонд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд. Дар ин зимн ба саҳми робитаҳои байнипарламентии ду кишвар дар рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.
Рустам Эмомали в Азербайджане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Рустами Эмомалӣ ба Озарбойҷон рафт
Зикр гардид, ки имсол аз муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол пур мешавад ва бахшида ба ин солгард дар ноҳияи Шемах Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бунёд мегардад.
Гуфта мешавад, барои бунёди боғи мазкур аз Тоҷикистон беш аз се ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда интиқол дода шуданд.
Баррасии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар Душанбе
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот, ба зарурати таъсис ёфтани Шӯрои машваратӣ таъкид намуданд.
Илова бар ин масъалаҳое чун нақлиёту алоқа, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳамзамон фарҳанг мавриди баррасии Рустами Эмомалӣ ва Илҳом Алиев қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0