Дастури Кумитаи тафтишотии Русия барои шиносоӣ кардани зархаридони хориҷӣ дар Украина

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание коллегии Следственного комитета РФ
Заседание коллегии Следственного комитета РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи иттилои расонаҳо, зархаридони хориҷӣ барои кумак ба артиши Украина вориди ин кишвар мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба муфаттишони дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ дастур додааст, зархаридони хориҷиеро, ки вориди Украина мешаванд, шиносоӣ кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Бастрикин ҳамчунин дастур додааст, ки марги ғайринизомиён, аз ҷумла ноболиғон бар асари тирборон кардани Ҷумҳурии Мардумии Донетск аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина таҳқиқ шавад.
"Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дастур дод, ки сабабҳои нави тирборон кардани аҳолии осоиштаи Донбасс аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина сабт ва тафтиш шаванд", - иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина иддао кард, ки беш аз ҳазор зархарид аз 16 кишвари дунё ба Украина мерасанд.
Владимир Зеленский рӯзи 27 феврал аз таъсиси як воҳиди ҷангӣ хабар дода буд, ки қарор аст, ба он шаҳрвандони хориҷӣ ҷалб шаванд.
"Зархаридони 16 кишвари ҷаҳон меоянд, шумораи умумии онҳо аз ҳазор нафар зиёд аст ва дархостҳо рӯз то рӯз зиёд мешаванд", - гуфт Кулеба дар нишасти матбуотӣ.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Брифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия гуфт, аз оғози амалиёти вижа дар Украина чанд сарбозаш кушта шудааст
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0