Дастгирии бахши IT дар Русия вуруди мутахассисони хориҷиро бештар хоҳад кард

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксВирус-вымогатель атаковал IT-системы компаний в разных странах
Вирус-вымогатель атаковал IT-системы компаний в разных странах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ташаббусҳои қонунгузории мақомоти Русия метавонанд кормандони хориҷиро дар идороти марбути IT ҷалб кунанд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раванди вуруди мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, метавонад бинобар чораҳои нави ҳукумат тасреъ шавад.
Дар ин бора Олга Ускова, президенти гурӯҳи ширкатҳои "Cognitive Technologies" дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, агар ташаббус бо дастгирии иттилоотӣ ҳамроҳ шавад, мутахассисони тамоми ҷаҳон ба он таваҷҷуҳ хоҳанд кард.
"Мутахассисон аз Чин ба таври оммавӣ ба кишвари мо меоянд, таҳсил, кор мекунанд, онҳо мутахассисони хеле рақобатпазиранд. Ҳамзамон аз Амрикои Лотинӣ низ меоянд, ҳоло мо аз Бразилия, Аргентина, Португалия чанд мутахассис дорем",- гуфт Ускова.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он, он шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар ширкатҳои аккредитатсияшудаи IT кор мекунанд, имтиёзҳои муайян мегиранд.
Дар ин санад ба таъхир андохтани даъвати ин афрод ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати то 27 сол, содагардонии гирифтани иҷозаи иқомат барои мутахассисони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин сарвазири Русия Михаил Мишустин хабар дод, ки кормандони созмонҳои IT метавонанд барои гирифтани ипотекаи имтиёзнок барои манзил муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0