Дигар "хиёбони фариштагон" дар Русия нахоҳад буд

© Sputnik / Игорь Маслов / Гузаштан ба хазинаи аксАкция в Донецке в память о детях, погибших в ходе конфликта на юго-востоке Украины
Акция в Донецке в память о детях, погибших в ходе конфликта на юго-востоке Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар давоми ҳашт сол Хатини Одесса дар дил захми бедаво буд. Ин як фоҷеаи бисёрсола ва бисёрпардае буд, ки оҳиста-оҳиста ва марговар ба амал омада, ба рӯҳи ҳазорон ва миллионҳо одамон мисли радиатсия зарба зад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik, Виктория Никифорова. Ба назарам, шаҳрвандони Русия дар ин рӯзҳо ин суханони раисҷумҳури кишварашонро бо таваҷҷуҳи хосса гӯш мекарданд: “Фоҷеаи даҳшатборро дар Одесса, ки дар он иштирокчиёни тазоҳуроти осоишта ваҳшиёна кушта ва сӯзонида шуда буданд, бидуни ларза ба ёд овардан ғайриимкон аст. Ҷинояткороне, ки инро ваҳшиёна содир кардаанд, чазо нагирифтаанд, касе онхоро ҷустуҷӯ намекунад Вале мо онҳоро мешиносем ва ҳамаи чораҳоро мебинем, ки ҷазо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд".
Хотираи инсон ба таври назаррас интихобӣ шудааст. Русҳо бояд, масалан, репрессияҳои сталинии тақрибан садсоларо ба ёд оранд. Ва на танҳо ба ёд оред, балки пайваста ин захмро малҳам бимолед. Аммо ба хотир овардани фоҷиаҳои ахир аз ҷиҳати сиёсӣ нодуруст нест. Дар ҳамин ҳол Сталин ва шарикони ҳассоси ӯ ҳеҷ гоҳ аз он коре, ки неонатсистҳои украинӣ дар Одесса ва Донбасс мекарданд, даҳшатовар набуданд.
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маълумоти охирин дар бораи сӯхтор дар нерӯгоҳи ҳастаие дар Украина - видео
Ба касоне, ки ҳофизаи кутоҳ доранд, хотиррасон менамоем: 2 майи соли ҷорӣ авбошони фашистии украинӣ иштироккунандагони намоиши осоиштаро дар Хонаи иттифоқҳои касабаи Одесса оташ заданд. Интернет ҳама чизро дар ёд дорад, инчунин чеҳраи духтарону писаронеро, ки дар кӯча коктейлҳои Молотов омода мекарданд, ба ёд меорад.
Дар Хонаи иттифоқҳои касаба даҳҳоо нафар одамро зинда сӯзонданд. Аксари онҳо ба манзури фирор худро аз тиреза ба берун партофтанд. Ва он гоҳ "огоҳон" назди онҳо шитофта, эшонро то дами марг латукӯб карданд. Дараҷаи ваҳшати ин қатлро тасаввур кардан душвор аст. Изи дастро ба осонӣ шинохтан мумкин аст: маҳз пешгузаштагони идеологии онҳо Бандера буд, ки аҳолии осоиштаи деҳаҳои Белорусияро ба хонаҳо меронданд ва одамонро зинда месӯзонданд.
Аммо он чизе, ки мардуми Бандера дар солҳои 1940-ум надоштанд, “Facebook” буд. Қотилони замонавӣ на танҳо шиканҷа ва куштанд, балки бо хоҳиши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳои нафратангези худро нашр мекарданд. Ва ба ҷои нафрат онҳо дар ин мавзуъ лайк, тасдиқ ва ёддоштҳо мегузоштанд.
Мо ҳама он афсонаҳоро дар бораи "кабобҳо" ва ғайра дар ёд дорем. Аммо ин танҳо амали дуюми фоҷиа буд.
Военнослужащие народной милиции ДНР проводят зачистку Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Ба оилаи ҳар низомии дар Украина ҳалокшуда 7 миллион рублӣ пардохт хоҳад шуд
Сеюми он вақте ба амал омад, ки зиё иён, чеҳраи дурахшони ватанӣ гӯё дар Одесса чӣ рӯй дода истодааст, умуман пай набурдааст. Ва пеш аз ин онҳо хомуш набуданд. Онҳо балвогарони Киевро бо шавқу ҳавас дастгирӣ карда, бо фашистон аксгириро дареғ намедошант. Дар як вақт бо овози баланд дод мезаданд, ки "дар Украина фашизм нест".
Ва акнун фашистон дар ҳақиқат ба Одесса омаданд. Ва ба несту нобуд кардани аҳолии осоишта шуруъ карданд. Ва ногаҳон тамоми издиҳоми киевпарасти Маскав чашмонашро пӯшид ва хомӯш шуд. Баъзеҳо ҳатто кӯшиш карданд, ки ин кушторро машруият бахшанд. Далели раднопазири онҳоро дар ёд дорам: "Инҳо нафароне буданд, ки шиносномаи русӣ доштанд".
Аъзои баъзе аз анҷуманҳои бепоёни зиёиён ҷинояти даҳшатангези фашистонро, ки дар рӯзи рӯшан дар Одессаи зебоманзар содир карда буданд, рӯпуш карданд, ки ин гуна даҳшатҳоро ҳанӯз замони истилогарии фашистон надида буданд. Ин худкушии маънавии тамоми ҳизби "рӯшанфикр" буд.
Баъдан хешовандони қурбониён кӯшиш карданд, ки аз режими Киев як навъ адолат талаб кунанд. Одесса шаҳри хурдакак аст ва ҳар кас ба таври комил тасаввур мекард, ки ташкилотчии ин куштор кӣ буд. Дарёфт кардан, дастгир кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин роҳзанҳо душвор набуд. Хайр, агар режими Киев акаллан кӯшиш мекард, ки худро мутамаддин нишон диҳад.
Аз он чизе наомад. Дар ёд дорам, ки дурбинҳои телевизионӣ Порошенкоро ҳангоми гӯш кардани модарону занҳои мурда сабт мекарданд. Он ҳатто чизе ваъда медиҳад. Абрӯвону рухсораҳояшро меҷунбонд. Ва масъала бо ҳамин тамом шуд. Қотилон дар озодӣ монданд ва шарикони онҳо дар Донбасс сигнал гирифтанд: "Шумо метавонед".
Ба режими Киев террори ҳаштсола лозим буд, то аҳолии зери тобеияти худро то ба ҳадди ларзидан тарсонад. Сирри ошкор дар он аст, ки фашистони украинӣ, мисли ҳамтоёни худ аз Олмони фашистӣ ҳеҷ гоҳ аз дастгирии аксарияти мардум бархурдор набуданд. Аксарият мунтазам зидди НАТО ва барои равобити хуб бо Русия овоз медоданд. Хуб, барои хомӯш кардани мардум, ин масхарабозии тӯлонӣ оғоз ёфт, ки охири онро имрӯз артиши Русия гузошта истодааст.
Помощник президента России Владимир Мединский (слева) и председатель комитета Госдумы РФ по международным делам Леонид Слуцкий перед началом российско-украинских переговоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Натоиҷи музокироти Русия ва Украина маълум шуд
Дар Украина онҳо ошкоро, дар рӯзи равшан на танҳо тарафдорони русро, балки онҳоеро, ки ҷуръат мекарданд, ки каме дигар фикр кунанд, ошкоро куштанд. Ахолии осоиштаи Донбассро ба таври оммавӣ несту нобуд карданд. Онҳо маҳбусонро азобу шиканҷа медоданд, одамони тасодуфиро парронданд, хонаҳо, мактабҳо, истгоҳҳоои троллейбусҳоро тарконданд. “Хиёбони фариштагон” дар Донетск ба як ёдгории даҳшатноки террор табдил ёфтааст. Дар он ҷо дар лавҳаи ёдгорӣ номи сокинони хурдакаки шаҳр, ки аз дасти фашистон ҳалок гардидаанд, нақш бастаанд. Яксаду чилу нӯҳ кӯдаки мурда — маҳз ҳамон чизест, ки режими Киев ба Донбасс овардааст.
Кори охирини фоҷиае, ки ҳашт сол муқаддам сар шуда буд, холо дар пеши назари мо рӯй медихад. Аскарони рус барои аз тумани фашистӣ озод кардани Украина мубориза мебаранд. Онҳо хеле сахтанд. Фашистони Украина аз ҳама беҳтар президент Путинро шунида ва фаҳмиданд. Онҳо аз тарси ҷазои ногузир аҳолии осоиштаи шаҳрҳоро гаравгон мегиранд, мамлакатро хароб мекунанд, умуман онҳо мисли террористони классикӣ рафтор мекунанд. Аммо ин онҳоро наҷот намедиҳад.
Онҳо тамошобинони худро ба гирдиҳамоиҳо кашида, ҳама корро мекунанд, то фашистони украинӣ куштани кӯдаконро идома диҳанд. Баъзан чунин менамояд, ки онҳо пайдо шудани “хиёбонҳои фариштагонашон” дар Белгороду Ростов, Маскаву Санкт-Петербургро намехоҳанд.
Имрӯз сарбозони рус ҳама корро мекунанд, то дигар дар шаҳрҳои Русия “хиёбонҳои фариштагон” пайдо нашаванд ва ҳамаи ташкилотчиёни террори Украина ба курсии ҷавобгирӣ ва баъдан дар зиндон нишинанд. Ва бале, Дмитрий Медведев хеле ба маврид хотиррасон кард, ки вақти он расидааст, ҳукми қатл барои ҷиноятҳои махсусан вазнин баргардонида шавад. Мардум онро ҷонибдорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0