Эрон гуфт, омодааст, дар кашфи чоҳҳои нафту газ Тоҷикистонро кумак кунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксРабота нефтяных станков - качалок
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон ва Эрон талош мекунанд, ҳамкориҳоро дар бахши саноати нафту газ густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон гуфтааст, ки кишвараш омодааст, ба Тоҷикистон дар бахши коркард ва дарёфти чоҳҳои нафту газ ба Тоҷикистон кумак кунад.
Номбурда ин нуктаро пас аз дидор бо Далер Ҷемъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати нафти Эрон.
Вазорати нафти Эрон гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва тавонмандиҳе, ки дар заминаи истихроҷ, кашф ва баҳрамандӣ аз майдонҳои нафту газ, фароварии нафту газ дар полойшгоҳҳо ва дар ҳоли ҳозир маҳсулоти саноати кимиё дорад, омодааст, Тоҷикистонро кумак кунад.
Авҷӣ афзуд, ки тавофуқҳои хуб ҳам дар ин заминаҳо бо ҷониби Тоҷикистон доштаанд.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Далер Ҷумъа: Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхти Эрон ниёз доранд
Номбурда бо баёни ин ки Эрон дар бахши тавсеаи майдонҳои нафт ва гази Тоҷикистон мушорикат хоҳад кард, гуфт: "Дар пайи матраҳ шудани дархости бозсозӣ ва навсозии полойшгоҳҳои нафти ин кишвар Эрон бо такя ба тавонмандиҳои Ширкати миллии полоиш ва пахши фаровардаҳои нафтӣ дар саноати полоиш ба зудӣ гурӯҳҳои фании худро ба кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон эъзом мекунад, то тавофуқҳо дар заминаҳои энергетика, нафт, газ ва саноати кимиё иҷроӣ шаванд".
Ӯ бо ишора ба беҳбуд ва тавсеаи равобит гуфт, сатҳи мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонро дар назар аст, ба беш аз 500 миллион евро бирасонем.
Ба гуфтаи Авҷӣ, зимин музокирот бо вазири энергетикаи Тоҷикистон дар мавзуи омӯзиш дар ҳавзаи энергетикаи Тоҷикистон матолиби хуб матраҳ шуд, ки Ширкати миллии нафти Эрон ҳам дар ин бора эъломи омодагӣ кард.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон низ гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои Эрон дар заминаҳои иктишоф ва тавлиди нафту газ хостори такмили кормандону ҳамкории густурдатар дар ин умур ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0